Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» дар таҳрири нав

Рӯзи 5‑уми июл Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев ба қонуни нав «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» имзо гузошт. Қонуне, ки аз ҷониби Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис рӯзи 4‑уми майи соли ҷорӣ қабул шуд ва онро Сенат тасдиқ кард. Мувофиқи он системаи сабти ном ва барҳамдиҳии ташкилотҳои динӣ содда гардид. Таълими диниро берун аз муассисаҳои динӣ ғайриқонунӣ эълон намуд. Ғайр аз он, тартиби тайёр кардан, воридот ва паҳн кардани маводи динӣ пас аз гирифтани экспертизаи диншиносон ҷорӣ карда мешавад.
Дар мамлакати мо, монанди дигар давлатҳои демократӣ, дар асоси принсипи волоияти қонун, дахолати дин ба сиёсат ва манъи истифодаи мақсадҳои сиёсӣ дар меъёрҳои ҳуқуқ инъикос ёфтааст.
Дар раванди таҳияи қонун, баробари урфу одат, арзиш ва анъанаҳои мо як қатор ҳуҷҷатҳо, аз қабили меъёрҳо ва талаботи байналмилалӣ, Декларатсияи умумии ҳуқуқи инсон, чунин ҳуҷҷатҳои дигар ба назар гирифта мешаванд.
Дар ин қонун меъёрҳои озодии виҷдонро ба таври возеҳ баён намуда, ба ягон дин эътиқод кардани шаҳрвандон ё ки ба ҳеч кадоми онҳо эътиқод накардани онҳоро таъмин менамояд.
Инчунин, танҳо тавассути суд будани боздоштан ва қатъ кардани фаъолияти ташкилоти динӣ ҳуқуқ надоштани дигар ташкилотҳои давлатӣ бар он ва озод кардани ташкилоти динӣ аз пардохти боҷи давлатӣ, вақте ки шахсони мансабдор барои амалҳои вайронкунандаи манфиатҳои қонунии ташкилоти динии муайян ба суд дода мешаванд, кафолатҳои иловагӣ пешбинӣ шудаанд.
Намояндагони зиёда аз 130 миллату қавмҳои Ӯзбекистон дар сулҳ ва ҳамфикрӣ зиндагӣ мекунанд. Мувофиқи ин қонун давлат ба амалигардонии ҳуқуқи шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии боз ҳам фаровони шаҳрвандони кишвари мо кафолат медиҳад. Инчунин қонун ба таҳкими минбаъдаи таҳаммулпазирии динӣ ва мувофиқати байни динҳо хидмат мекунад.

Абдулло АСЛОНОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ