«Нони Галаосиёи Самарқанд»

Китоби академики академияи «Тӯрон», собиқадори соҳаи кишоварзӣ Талъат Абдуллоев, ки дар нашриёти «Fan bulogʻi» ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ чоп шудааст, чунин ном дорад.
Нон – яке аз неъматҳои асосии ғизои инсонӣ мебошад. Пас аз ихтирои ҳован (ӯғурча) гузаштагони мо донро бо қайроқсанг майда карда, ба ҳолати хамир оварда, болои санги тафсон ё қӯра пухтанро омӯхтаанд. Бо гузашти айём мардуми Осиёи Миёна усули дар танӯр пухтани нонро ёд гирифтанд.
Нон ривояту ҳикоят, ситоишу пандҳо доранд, ки муаллифи китоб ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. Масалан, яке аз онҳо қабл аз ақди никоҳи ҷавонон гузаронидани маъракаи «ноншиканон» мебошад, ки дар байни самарқандиён маъмулу машҳур мебошад. Ҳатто ҳангоми ба сафар баромадан ё ба меҳмонӣ рафтан нон гирифта бурдан ба анъана табдил ёфтааст.
Соли 1955 сарвазири Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъл Неру бо духтараш Индира Гандӣ ба Самарқанд ташриф фармуд. Собиқ котиби аввалини ҳизби Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Муҳиддин Нуриддинов ва раиси Шӯрои олии кишварамон Шароф Рашидов меҳмонони олиқадрро дар Самарқанд пазироӣ намуда, чор дона нони галаосиёро ба онҳо пешкаш кардаанд. Сарвазир нонҳоро ба абрӯяш кашида, бӯй мекунад, мебӯсад ва таъмашро дида, ба рангаш, шаклаш бо меҳри хосса менигарад. Таъкид мекунад, ки чунин нонро дар ягон кишвари дунё надидааст. «О, ман ин неъмати Худоро ба Ҳиндустон мебарам ва ба зан-духтарони Галаосиё тасанно мегӯям, – гуфтааст Ҷ. Неру. – Бигзор бонуҳои Ҳиндустон низ пухтани чунин нонро омӯзанд».
Дар китоб чанд ривоят доир ба тайёр кардани нони Галаосиё низ оварда шудааст, ки яке аз дигаре шавқоваранд. Амири Бухоро аз Самарқанд овардан нони Галаосиёрои манъ карда, дар саройи худ ба пухтани он фармон додааст. Ҳунармандон бисёр кӯшиш кардаанд, ҳатто гандуму танӯрро аз Самарқанд бурдаанд, аммо мисли нони Галаосиё пухта натавонистаанд.
Китоби Талъат Абдуллоеви 80‑сола ба оммаи васеъи бостоншиносон, муҳаққиқон ва меҳмонон пешбинӣ шудааст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
журналист

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ