Асаре, ки қалбро ба ларза меорад…

Ман асарҳое, ки бо хондани он дар дилам шӯру ҳаяҷон ба вуҷуд меояд, ба наздиконам тавсия мекунам. То дар бораи он асар таассуротҳоямро нагӯяму ба ҳамсӯҳбатам маънову мазмуни онро тавзеҳ надиҳам, ба худ намеоям. Одамоне, ки дар гирду атрофи ман ҳастанд, мехоҳам бо китоб ошно бошанд, хонанд, донанд.
Ман барои шумо таассуротҳоямро дар бораи асарҳои дӯстдоштатарини худ пешкаш намудан мехоҳам. Шумо ҳам бояд онҳоро бо як ҳаяҷони хосса, аз таҳти дил мисли ман хонед.
Аз чашмонам наистода ашк мерезад. Барои қатъ кардани он сарамро хам карда чанд лаҳза нишастам, намедонам. Ба қалбам гӯш меандозам, ки аз он садоҳои гуногун мебарояд.
Пас аз хондани ҳикояи «Охирин қурбони ҷанг»-и Ӯткир Ҳошимов ҳолам хароб шуд. Чанд рӯз ба худ наомада, ба як ҳолати ғамнок афтодам. Чаро Умрихола ба таври фоҷеанок мемирад? Пурсишҳои беҳисоб пайи ҳам дар сарам чарх мезанад. Аз нависанда барои поёни бади хикоя норозиям. Чаро Шоикром – фарзанди Умрихола боиси марги модараш мегардад?
Барои хондани ҳикоя бист дақиқа кифоя аст. Аммо ман вақте онро мутолиа кардам, он бароям бештар аз як роман таассурот гузошт. Дуруст, мо онро дар даврони мактабхонӣ шояд хонда бошем. Лекин онро имрӯз боз як бори дигар бояд хонд. Баъзан романҳои дароз ҳам одамро мисли як ҳикояи кӯтоҳ ба ваҷд намеорад. Дар онҳо бисёр воқеият рӯякӣ тасвир карда мешаванд.
Баробари хондани ҳикояи «Охирин қурбони ҷанг»-и Ӯ. Ҳошимов дар пеши назари хонанда ҳолати ба охир расидани ҷанг, мардуме, ки дар пушти фронт меҳнат мекунанду зиндагӣ ба сар мебаранд, монанди лавҳаҳои синамо давр мезанад. Тавассути як ҳикояи кӯчак муаллиф тамоми ҳаёти ҳамондавраро тасвир мекунад. Дар он қаҳрамонҳои башумор иштирок кардаанд. Нависанда бо он қаҳрамонҳои башумур ва суханҳои соддаву равон ҳамаи воқеаву ҳодисаҳои пас аз ҷанг рухдодаро ҳамчун мусаввири моҳир рӯйи коғаз овардааст. Онҳое ки баъди ҷанг ба ночорӣ умр ба сар мебаранду дар хонадонҳо падарон маъюб аз майдони набард баргаштаанд, он модароне, ки аз дилбандони худ хати сиёҳ гирифта, дар хонаашон оҳу фиғон мекашанд, инҳо дар мисоли оилаи Шоикром ба хонанда пешкаш мегардад.
Ман фикр мекунам, ки асарҳои Ӯ. Ҳошимов бо забони халқ, алалхусус барои соддаву равон буданаш байни дӯстдорони адабиёт машҳур аст. Он бо тасвири як қаҳрамони оддӣ неку бади ҷамъиятро ошкор менамояд.
Нависанда ҳикояро бо суханҳое оғоз мекунад, ки аз касофати ҷанг чӣ қадар беҳолу ночор гаштани мардуми моро далолат медиҳад.
Акнун мо андаке ба ҳикоя жарфтар назар меафканем. Умрихола ба фарзанди бемори худ Шонеъмат бисёр меҳрубон буд. Мо гуфтан метавонем, ки дар асар модар қурбони меҳри худ ба фарзандаш гардидааст.
Ин ҳама фоҷеа аз қулфинайҳои дар рӯйи ҳавлии Шоикром рӯйида оғоз меёбад. Рӯзе он дарк мекунад, ки қулфинайҳоро касе медуздад ва барои дастгир кардани дузд бо сими электрикӣ «чоҳ» меканад. Умрихола ҳамон рӯз аз ҳавлӣ қулфинай чида, онро бо шир омехта ба фарзанди бемораш додан мехоҳад. Афсӯс, ки ин кор амалӣ намешавад. Модар ба доми писараш Шоикром меафтад. Умрихола ҷони худро ба ҷонофарин месупорад. Ҷаҳон ба чашми фарзанде, ки дар пеши чашмаш қурбони амали ӯ мегардад, сиёҳ мешавад.
Ногаҳон, пас аз мутолиаи ин асар барои осудагии кишварамон, маҳаллаамон, кӯчаамон шукр мегӯем. Ҷанг мардумро ба чӣ ҳол дучор кардааст, танҳо одамони он замонҳои бад медонанд. Хондани китоб моро ба шукрона гуфтани неъматҳои имрӯза даъват менамояд. Ҳар яки мо бояд аз фарзанди Ӯзбекистони азиз буданамон ҳисси ифтихорро дарк намоем.

Шаҳбоз ҲАМРОЕВ,
роҳбари хадамоти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии маркази китобхона-ахбори ноҳияи Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ