Зани хуб – ними давлат


Аз тӯфони шадид молу мулки сарватманде ба об ғарқ шуд. Бой, ки дар як лаҳза аз тамоми бойигариаш маҳрум шуда буд, дар кӯча доду фарёд карда мерафт. Аз рӯ ба рӯяш марде баромад:

  • Чаро гиря мекунӣ? – пурсид ҳайрон шуда.
  • Ман гиря накарда, ки гиря кунад? – гуфт ӯ. – Дар як лаҳза аз ҳамаи молу давлатам ҷудо шудам.
  • Бисёр ғам махӯр, — дилбардорӣ карда гуфт ӯ. – Ҳамсар дорӣ?
  • Дорам, — гуфт бой ҳайрон шуда.
  • Ӯ ақлу фаросат дорад?
    Марди бой лаҳзае фикр кард ва:
  • Ҳа, дар ин ҷиҳат ман бахтиёр! Ҷуфти ҳалоли бофаросат, солеҳае дорам, ки доимо ба кайфиятам нигоҳ карда зиндагӣ мекунад, — гуфт.
  • Пас чаро гиря мекунӣ, эй банда?! — Дар ин дунё магар барои мол ҳам гиря мекунанд? Барои дарс ба ту чизе бигӯям. Ман ба зане хонадор шудаам, ки ба қадри шавҳар намерасад. Ту чӣ буданаш фалокатро намедонӣ! Агар ту ба зани ақлаш кӯтоҳ, забондароз ва ҷоғи бемайлон дошта хонадор мешудӣ, пас медонисти, ки офати ҳақиқӣ чист. Агар мағозаҳоят зери об монда бошад, худат сиҳату саломат ҳастӣ, ҳама чизи лозимаро пайдо мекунӣ. Дар наздат ҳамсари хуб ба ту мададгор бошаду нерӯи маънавӣ бахшад, зуд ҳамаашро меёбӣ, — гуфт роҳгузар.
    Мардуми мо беҳуда нагуфтаанд, ки зани хуб ними давлат аст. Дарҳақиқат, зани оқила натанҳо ҷуфти ҳалол, балки гултоҷи ҷамъият аст. Чунки зане, ки тарбияи зебо дорад, пеш аз ҳама волидайнро эҳтиром, шавҳарашро ҳурмат ва аз ҳама муҳим, фарзандонро хуб тарбия карда, одамони комилро дар ҷамъият ба воя мерасонад.
    Тарҷимаи Л.РАҲИМОВА
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ