Гурӯҳи тарғиботии уламо дар Самарқанд

Рӯзи 22‑юми июли соли равон намояндагони гурӯҳи таблиғотии уламои кишварамон ба вилояти Самарқанд омада, бо мардум сӯҳбат карданд.
Аз ҷумла, ҷонишини раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон И. Иномов ва мушовири раис С. Шарифов дар масҷиди «Шоҳи Зинда»-и Самарқанд намози пешинро хонданд ва бо намозхонон сӯҳбат карданд.
Зимни сӯҳбат онҳо дар бораи корҳое, ки дар мамлакати мо дар соҳаи динӣ- маърифӣ анҷом дода мешаванд, фазилатҳои шукр гуфтугӯ карданд. Инчунин таъкид гардид, ки имрӯзҳо, бар зидди пандемияи коронавирус, ба қоидаҳои карантин, ки Комиссияи ҷумҳуриявӣ муқаррар кардааст, бояд қатъиян риоя намуд.
Дар ҷараёни музокирот дар дигар ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилоят уламо ва имом-хатибони пойтахт оид ба тарбияи ҷавонон, вазифаҳои падару модарон ва фарзандон дар назди ҳамдигар, муносибати ахлоқӣ дар ҷомеа андешаҳои худро баён карданд.
Дар доираи ин чорабинӣ аз вазъи оилаҳои ниёзманди маҳаллаҳо хабар гирифта, ба онҳо тӯҳфаҳо супорида шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ