Акнун тадбиркорон низ метавонанд хизмати давлатӣ расонанд

Бори аввал дар яке аз марказҳои хусусии таълимии Самарқанд таълими соҳибкороне, ки ҳуқуқи ба сифати агентҳо расондани навъҳои алоҳидаи хизматҳои давлатиро мегиранд, оғоз гардид.
Тайёр кардани чунин мутахассисон дар қарори дахлдори Девони Вазирон пешбинӣ шудааст.
Ҳуҷҷат бо мақсади таъмини сокинони деҳаҳои дурдаст бо навъҳои асосии хизматҳои давлатӣ қабул гардидааст.
– Ман қарор кардам, ки яке аз аввалинҳо шуда сертификати агенти Агентии хизматҳои давлатиро гирам. Чунки барои чунин сервиси муҳим талабот дар байни аҳолӣ калон аст, – гуфт соҳибкор аз Ургут Ҷамшед Ҷӯрақулов. 
– Ноҳияи мо дар мамлакат яке аз ноҳияҳои сераҳолитарин мебошад. Деҳаҳои дурдаст бисёранд. На ҳамаи сокинони ин деҳаҳо имконияти дар маркази ноҳия ба шӯъбаи Агентии хизматҳои давлатӣ муроҷиат карданро доранд. Барои ин вақт ва роҳкиро лозим, вале талаб ба чунин хизматҳо кам нест.
Барои он ки шаҳрвандон хизматҳои давлатиро дар шароити хуб гиранд, дар бораи аз соҳибкорон тайёр кардани агентҳое, ки бизнеси худро дар ҷойҳои аҳолнишин пеш мебаранд, қарор қабул карданд. Баъди тайёрии дахлдор онҳо сертификат мегиранд, ки ҳуқуқи расондани баъзе навъҳои хизмати давлатиро медиҳад. Ҳамин тавр, ба соҳа ҳамкории давлатӣ-­хусусӣ ворид мешавад.

Ринат АБДУЛМАНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ