Дар 5 хонадони шаҳри Самарқанд сӯхтор сар зад

Тибқи маълумоти Садорати вазъиятҳои фавқуллода санаи 26 -уми июл соати 14:00 дар кӯчаи Шоҳи Зиндаи шаҳри Самарқанд сӯхтор сар задааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор 5 шӯъбаро ҷалб карда шудааст. гурӯҳи сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷойи воқеа соати 15:04 расида омадаанд. Дар натиҷаи шамоли сахт сӯхтор ба тезӣ паҳн шуда, ба 5 хонадон яъне қисми бому шифт 200 квадрат метр қисми бому шифт ва ҷиҳозҳои хона зарар расонидааст. Аз рӯи ҳаракати зудмаҳали сӯхторхомӯшкунӣ сӯхторро соати 15:39 гирд гирифта, соати 17:00 хомӯш карда шудааст. Дар оқибати ҳодиса ягон кас ҷароҳат набардоштааст. Ҳоло сабабҳояшро меомӯзанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ