Яке аз бемориҳои хавфноктарин

Ҳар сол 28‑уми июл дар бисёрии давлатҳои ҷаҳон мубориза бар зидди бемории гепатит гузаронида мешавад. Сабаби дар ин рӯз ҷашн гирифтани он чунин аст, ки шифокори вируси гепатити Б-ро аниқнамуда, ҷоизадори мукофони Нобелӣ Самуел Барух дар ҳамин рӯз таваллуд шудааст. Он бори аввал бо ташаббуси Ташкилоти байналхалқии мубориза бар зидди гепатит дар соли 2008 гузаронида шуд.
Соли 2011 Ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ санаи мазкурро ба тақвими худ дохил кард ва ба ҳамин восита рӯзи мубориза бар зидди гепатит ба мақоми худ соҳиб гардид. Дар ин рӯз Ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ бо шифокорони давлатҳои гуногун ҳар хел сӯҳбатҳо гузаронида, маслиҳатҳо медиҳанд.
Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ, гепатит дар миқёси ҷаҳон ба 2 миллиард одам зарар расонидааст. Дар баъзе шаҳрҳо қисми зиёди аҳолӣ ба гепатити А, 10 қисми истиқоматкунандагони чунин шаҳрҳо ба вируси гепатитҳои Б ва С гирифтор шудаанд.
Аслан зарар дидани бофтаҳои ҷигарро гепатит мегӯянд. Хусусан, вируси гепатит дар бофтаҳои ҷигар паҳн мешавад. гепатитҳое, ки тавассути вирусҳои гуногун зиёд шудаанд, ба ҳар роҳ метавонанд сироят намояд. Ба туфайли он ба бемориҳои дигари хеле вазнини ҷигар, мисли серроз ва саратон гирифтор шудан мумкин.
Аз гепатит бо ду роҳ худро метавон ҳимоя намуд. Якум, бо риоя намудан ба қоидаҳо. Хусусан, ҳангоми хунгузаронӣ хеле бояд эҳтиёткор буд. Дуюм, метавон эм кард. Ҳар дуи ҳамин усулҳо пеши роҳи зарар дидан ва гирифтор шудан ба гепатитро мегирад.
Барои пешгирии гепатит риояи чунин қоидаҳои оддӣ тавсия карда мешавад:
– дар баробари риояи қоидаҳои гигиенӣ, баъд аз муомила бо пул ва одамон дастҳоро шустан муҳим;
– ҳангоми истифода аз маникюр, толори зебоӣ ба қоидаҳои санитарӣ бояд риоя кард;
– мунтазам бояд таҳлилҳои хунро гузаронид;
– аз нӯшокиҳои спиртӣ ва сигоркашӣ бояд даст кашид;
– иммунитетро бояд мустаҳкам намуд;
– витамин ва комплексҳои минералӣ бояд қабул кард;
– бо варзиш мунтазам машғул шуд;
– дар ҳавои тоза сайр намуд;
– ҳавои хонаро бояд тоза намуд.
Мутахассисон барои беморони гирифтори гепатит дастури парҳезиро тавсия менамоянд. Хусусан, аз ратсиони бемор маҳсулоти зеринро берун намудан зарур:
– таомҳо ва зиравори талх;
– маҳсулоти дудӣ ва намаккарда;
– сабзавоте, ки равғанҳои эфири зиёд доранд;
– нӯшокиҳои сард ва яхмос;
– намудҳои серравғани гӯшт ва моҳӣ;
– гӯшти паррандаҳое, ки дар об шино мекунанд;
– таомҳое, ки дар таркиб холестирини баланд доранд.
Истеъмоли маҳсулоти зерин тавсия карда мешавад:
– маҳсулоти ширӣ;
– равғани соя, зайтун ва растанӣ;
– сафедии тухми мурғ;
– намудҳои камравғани гӯшт ва моҳӣ.
Маҳсулотро бояд дар буғ тайёр намуд, чунки дар ин ҳолат моддаҳои фоиданок ба миқдори максималӣ нигоҳ дошта мешавад. Ратсиони ҳаррӯза бояд 3500 ккал – 100 грамм оқсил, 100 грамм равған, 450 грамм углевод бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ