Дар Афғонистон бар зидди Толибон амалиёти густурда оғоз мешавад


Бисмиллоҳ Хон Муҳаммадӣ, муҷрии вазири мудофиаи Афғонистон ваъда дод, ки ба зудӣ минтақаҳои ғасбкардаи Толибон дубора зери назорати ҳукумат бармегарданд.
Ӯ дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии Tolo News гуфт, ки дар рӯзҳои наздик амалиёти густурда зидди Толибон оғоз мешавад.
Ба гуфтаи Муҳаммадӣ, Толибон фаъол шудааст, вале қудрати муқобила ба нерӯҳои ҳукуматиро надорад.
Ҳамидуллоҳ Муҳиб, мушовири амниятии раисҷумҳури Афғонистон гуфт, ки муваффақияти Толибон муваққатӣ аст ва натиҷаи холигиест, ки баъди хурӯҷи нерӯҳои НАТО ба вуҷуд омадааст.
Вай афзуд, “Ноҳияҳое, ки мо саривақт бо аслиҳа таъмин накардем, аз даст рафт. Толибон ба зудӣ хаста мешаванд ва маҷбур мегарданд, ки ба сари мизи музокирот бинишинанд”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ