Самарбахшии ваксинаи Pfizer чи андоза аст?


Самарбахшии ваксинаи Pfizer зидди коронавирус баъди гирифтани дозаи дувум дар муддати 4-6 моҳ аз 96,2 дасад то 84 дарсад кам мешавад. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNBC ба нақл аз Алберт Бурла – раиси сармудири ширкати Pfizer хабар дод.
Ширкат бо иштироки беш аз 44 ҳазор нафар аз чандин кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ИМА пажӯҳиш гузаронд. Натиҷаҳо нишон дод, ки самарбахшии ваксина баъди ҳар 2 моҳ то 6 дарсад коҳиш меёбад.
Вале, ба гуфтаи Алберт Бурла, савумин дозаи ваксина барои ҳимоя аз штамми “делта”-и коронавирус кифоя мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ