Шомуродов рӯзи душанбе бо “Рома” қарордод имзо мекунад


Чанде пеш хабар дода будем, ки ҳуҷумгари дастаи миллии Ўзбекистон Элдор Шомуродов ба сафи “Рома” мепайвандад.
Ба гуфтаи рӯзноманигори италияӣ Жанлука Ди Марсио, тарафҳо масъалаҳои трансферро комилан ҳал кардаанд. Шомуродов рӯзи душанбе ба Рим парвоз мекунад ва қарордод имзо мекунад.
“Рома” Шомуродовро бо ҳуқуқи харид бар ивази 17,5 миллион евро иҷора мегирад. Агар “Рома” соли оянда ба мусобиқаи Лигаи қаҳрамонони Аврупо роҳ ёбад, банди хариди Шомуродов дар қарордод фаъол мегардад.
Ёдовар мешавем, Элдор Шомуродов соли гузашта аз “Ростов” ба “Ҷеноа” гузашт. Ӯ дар давоми мавсим дар 32 бозӣ 8 гол зад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ