Шартҳои вурӯд аз хориҷа ба Ӯзбекистон


Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон шартҳои воридшавӣ ба кишварро дар даври пандемия эълон кард.
Бино ба хабари Кун.уз. касоне, ки дар ин давр аз тариқи ҳавоӣ, ё роҳи оҳан ба Ӯзбекистон меояд, бояд маълумотнома дар бораи натиҷаи манфии тести коронавирус, ки дар муддати 72 соат гирифта шудааст, дошта бошад.
Касоне, ки аз гузаргоҳҳои марзӣ вориди Ӯзбекистон мешаванд, бояд дар марказҳои тиббии наздимарзӣ аз ҳисоби худ бар зидди коронавирус тест супуранд ва маълумотномаи онро тақдим кунанд. Дар сурате, ки маълумотнома манфӣ аст, кас метавонад аз марз убур кунад.
Шаҳрвандони кишварҳои тоифаи “зард” ва “сурх” ҳангоми ворид шудан ба Ӯзбекистон варақаи маҷбуриятномаро пур мекунанд ва дар меҳмонхона, ё маҳалли ташрифи худ 14 рӯзро дар инзиво (изолятсия) қарор медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ