Моҳи октябр дар Душанбе Анҷумани 6-уми омӯзгорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида мешавад

Моҳи октябри имсол Анҷумани 6-уми омӯзгорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба ин муносибат 30 июл мулоқоти онлайнии вазири твълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Болотбек Купешев сурат гирифт.
Зимни суҳбати вазирон қарор шуд, ки ҳар се моҳ чунин вохӯрӣ сурат гирифта, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта мубодилаи афкор сурат мегирад.
Ҳамчунин пешниҳод дар хусуси эълони озмуни беҳтарин мактаби русӣ дар давлатҳои иштирокчӣ ҳозирин хуш пазируфтанд ва тасмим гирифта шуд, ки василаи татбиқи он дар оянда коркард ва барои корбарӣ пешниҳод гардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ