Бозиҳои дӯстонаи дастаи мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон (U-15) ва Тоҷикистон гузаронида мешавад

Дастаи мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон бо ҳамсолони худ аз Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора Федератсияи футболи Ӯзбекистон хабар дод.
Бозиҳои дӯстона байни тимҳои ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистон то 15 -сола рӯзҳои 11 ва 13 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мешаванд. Бозиҳо соати 19:30 оғоз мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонон (U-16) тирамоҳи оянда баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ