Пас аз ваксина гирифтан то чанд муддат истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ тавсия дода намешавад?

Агар тавсияҳои табибон риоя нагарданд, он гоҳ аз ваксина ягон натиҷа ба даст нохоҳад омад. Масалан, дар сурати ваксина гирифтан истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ тавсия дода намешавад, зеро онҳо метавонанд ба кори худи ваксина халал расонанд. Ваксина ду маротиба гузаронида мешавад. Маротибаи дуюм баъд аз 21 рӯзи вояи аввал гирифта мешавад. Масуният пас аз се ҳафта ташаккул меёбад. Бинобар ин, пас аз ваксинаи аввал бояд се ҳафта ё 21 рӯз гузарад ва пас аз маротибаи дуюм низ ҳамон миқдор. Яъне, ҳамагӣ 42 рӯз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ тавсия дода намешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ