Зубтурум


Ин гиёҳ аз ҷиҳати шакл ба шилха монанд буда, дар ҷӯйборҳо ва пайроҳаҳо месабзад. Онро боз зуф ҳам мегӯянд. Гиёҳест, ки ҳама вайро мешиносад. Ба забони русӣ “поддорожник” ном мебаранд. Растанӣ якка-якка месабзад. Баргаш пайдор, баъди кандан риштаҳои сафедаш овезон мемонад.
Хусусияти асосии шифобахшиаш дар баргҳояш аст. Бинобар ҳамин, дорушиносон барги онро аз баҳори барвақт то тирамоҳ чида, хушконида, дору тайёр мекунанд. Онро аз тухмаш зиёд карда, баргашро чида мегиранд.
Дар таркиби барги зуфтурун глюкоза, кислотаи аскорбин, алколоидҳо, вит аминҳо мавҷуданд. Ин баргҳо ғайр аз инҳо боз углеводҳо, ҷавҳари лиму доранд.
Барг ва шарбатҳои растанӣ гастрит, яраҳои рӯда, бемориҳои рӯдаи дувоздаҳангуштаро шифо мебахшанд. Аммо ба шахсони кислотаашон баланд имтеъмоли зуфтурун манъ аст. Дар чунин маврид баъзе пайвастагиҳои органикии гиёҳ сабаби вазнин шудани беморӣ мегардад. Ин гиёҳ танҳо ба шахсони кислотаашон мӯътадил тавсия дода мешавад.
Шарбати аз барги сабз тайёркардашудааш ба зуд сиҳат ёфтани ҷароҳат дармон мешавад, фаъолияти аъзои ҳозимаро беҳ мекунад.
Ин гиёҳро олимон ҳанӯз то ба охир тадқиқ ва татбиқ накардаанд. Дар оянда аз тухм ва пояи он доруҳои арзон тайёр карданашон мумкин аст.
Таҳияи Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ