COVID-19: кадом ваксина беҳтар аст?

Дар ҷаҳон тақрибан 200 намуди ваксинаҳои гуногун бар зидди COVID-19 таҳия карда мешаванд. Кадом ваксина беҳтар аст? Албатта, ба ин савол танҳо муассисаҳои тиббии салоҳиятдор посух дода метавонанд.
Аксари харидҳо дар ҷаҳон ба ваксинае, ки аз ҷониби ширкати британии «AstraZeneca» таҳия шудааст, рост меоянд. Ин далел аз раддабандии «Bloomberg», ки бар асоси маълумоти ширкати тадқиқотии «Airfinity Ltd» ва Донишгоҳи Оксфорд дар охири моҳи ноябри соли 2020 омада гардидааст, бар меояд.
Ёдовар мешавем, ки «Bloomberg» (Блумберг) на танҳо агентии маъруф дар ҷаҳон, балки низоми касбие низ мебошад, ки иттилоот, қурби бозори пулию молӣ ва дигар маълумоти барои қабули қарорҳо, инчунин маҷмӯи васеи воситаҳои тадқиқот ва таҳлилро ба маблағгузорон пешниҳод мекунад.
Тадқиқоте, ки коршиносони Хадамоти тандурустии ҷамъиятии Англия моҳи майи соли 2021 гузаронидаанд, нишон медиҳанд, ки ваксинаҳои амрикоии «Pfizer / BioNTech» ва британии «AstraZeneca» бар зидди штамми ҳиндустонии COVID-19 ба таври кофӣ муассиранд. Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки самаранокии «Pfizer» бар зидди штамми ҳиндустонии коронавирус ду ҳафта пас аз ворид кардани ду воя ба 88 дарсад ва «AstraZeneca» ба 60 дарсад мерасад.
Ваксинаи ширкати амрикоӣ «Moderna» моҳи майи соли 2021 беҳтарин ваксина бар зидди коронавирус дар ҷаҳон эътироф шуда буд. Коршиносони Конгресси ҷаҳонии ваксина ба он овоз дода буданд. Бино ба иттилои сомонаи Конгресс, дар форуме, ки пеш аз паҳншавии коронавирус ҳамасола дар пойтахти Амрико баргузор мешуд, ваксинаи ширкати амрикоӣ «Moderna» дар бахши «Ваксинаи беҳтарин бар зидди COVID-19» ғолиб омад.
Ваксинаи «Pfizer» «баҳои баландро гирифт», «Спутник V»-и Русия ва «AstraZeneca»-и ширкати британӣ-шведӣ ба рӯйхати мухтасари ин бахш ворид шуданд.
1 июни соли 2021 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ваксинаи ширкати чинии «Sinovac Biotech»-ро барои истифодаи фавқулодда барои шахсони аз 18 сола боло тавсия дод. «Sinovac» дуввумин ваксинаи чиниест, ки истифодаи он аз ҷониби СҶТ тасдиқ гардид. Аввали моҳи май Созмон ваксинаи ширкати чинии «Sinopharm»-ро тасдиқ карда буд.
Дар маҷмӯъ (бо дарназардошти «Sinovac»), СҶТ ҳафт ваксинаро тасдиқ кард. Ба ин рӯйхат, ба ҷуз аз ваксинаи чинӣ, ҳамчунин ваксинаҳои «Pfizer/BioNTech», «Johnson & Johnson», ду намуди «AstraZeneca» ва «Moderna» шомил мебошанд.
Ваксинаи русии «Спутник V» то ҳол мавриди баррасии коршиносони СҶТ қарор дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ