Ҳокими вилоят барои чӣ ба раиси маҳалла мукофот дод?

Иҷрои муроҷиати шаҳрвандон дар ҳокимияти вилояти Самарқанд бо иштироки муроҷиатчиён ва масъулон баррасӣ шуд.
Мушкилоти ҳар як муроҷиаткунандаи аз минтақаҳои мухталифи вилоят омада шунида шуд ва барои бо зудӣ ҳалл намудани мушкилот чораҳо андешида шуданд.
Сокини маскани Сартепаи Самарқанд Н.Раҳимова мегӯяд, ки вай панҷ сол пеш дар як бинои истиқоматии навсохт хона харидааст, аммо лифт то ҳол кор намекунад.
Роҳбари ташкилоти сохтмонӣ, ки ба вохӯрӣ даъват шуда буд, ба бинои баландошёна дар як ҳафта лифти нав насб карданро ба ӯҳда гирифт.
Шаҳрванди ноҳияи Паст Дарғом, ки ба ноҳияи Пахтачӣ ҳамчун арӯс омада буд, пас аз марги ҳамсараш аз хонаи хусураш ронда мешавад ва бо се фарзандаш ба хонаи падар баргармегардад. Вай аз рӯйи ин масъала ба телеграми ҳокими вилоят муроҷиат кардааст. Барои бо хонаву ҷой таъмин намудани ин зан фикри масъулони ноҳияҳои Пахтачӣ ва Паст Дарғомро шунида шуд. Сипас бо пешниҳоди ҳокими вилоят ба ӯ аз биноҳои баландошёнаи шаҳраки Чархини ноҳияи Паст Дарғом сохташуда, як хонаи дуҳуҷрагӣ доданро ба нақша дароварданд.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи хонаву ҷой, бо кор таъмин намудан, хизматрасонии коммуналӣ шикоятҳои зиёде ворид гардид ва аксари онҳо дар ҷои худ ҳал шуданд.
Сӯҳроб Отақулов, ки соли 2016 коллеҷи касб-ҳунарро хатм карда то ҳол бекор аст, аз ҳоким барои ёфтани кор кӯмак хост. Роҳбари Садорати шуғли аҳолии вилоят бо Сӯҳроб сӯҳбат карда, шавқу қобилияти кории ӯро омӯхт ва дар худи ҳамон рӯз ӯро ба ҳайси ронандаи шӯъба ба кор қабул кард.
Раиси маҳаллаи Абдулло Авлонии шаҳри Самарқанд Йӯлдош Зиёев ба вуҷуд омадани мушкилот дар таъминоти об ба хонаҳои бисёрқабатаи истиқоматии маҳалла ҳарф зада, барои бартараф намудани мушкилот аз ҳоким кӯмак хост.

  • Масъулони таъминоти об масъаларо дар давоми як ҳафта ҳал карда, маълумот медиҳанд, — гуфт Э.Турдимов. — Ба раиси маҳалла барои баланд бардоштани мушкилоти аҳолӣ 3 миллион сӯм мукофоти пулии яквақта дода мешавад. Мо ба оқсоқолҳое, ки бо дарди мардум зиндагӣ мекунанду ҳалли мушкилоти ҳудуди худро меҷӯянд, ниёз дорем.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ