Ташаккури Эрдуғон аз кишварҳои хориҷӣ барои ёрирасонӣ

Раисҷумҳури Туркия аз тамоми кишварҳо ва созмонҳо бобати ҳамбастагӣ ва ҳимоят аз талош барои миҳори оташсӯзии ҷангалҳои кишвар ташаккур кард.

Раҷаб Тайииб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бо интишори паёме дар расонаҳои иҷтимоӣ аз тамоми кишварҳо ва созмонҳо бобати ҳамбастагӣ ва ҳимоят аз талошҳои Туркия дар миҳори оташсӯзии ҷангалҳои кишвар ташаккур кард.

Дар идомаи ин паём омадааст: Ба намояндагӣ аз миллати Туркия аз куллияи кишварҳои дӯст ва бародар, ки омодагии худро барои миҳори оташсӯзиҳо эълом карданд, ташаккур мекунам. Иншоллоҳ дар камтарин вақт ин бор ҳам душворро пушти сар хоҳем гузошт.

Вай ҳамчунин тасреҳ кард: Бад-ин васила маротиби қадрдонӣ ва ташаккури худ аз дӯсти гаронқадр Илҳом Алиев раисҷумҳури Озарбойҷон, ки аз лаҳазоти аввалия ҳимояти худро дареғ накард ва ҳамчунин Иброҳим Раисӣ, Владимир Путин, Зоран Миланович ва Владимир Зеленский раисҷумҳурҳои Эрон, Русия, Хорватия ва Украино: Педро Санчес нахусти вазири Испания ва шайх Тамим амири Қатар иброз медорам.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ