Амрико Эронро масъули ҳамла ба киштии Исроил донист

Вазири хориҷаи Амрико Эронро масъули ҳамла ба киштии исроилӣ дар Уқёнуси Ҳинд эълом кард.

Антони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико бо интишори баёнияе Эронро масъули ҳамла ба киштии бории ширкати исроилӣ дар Уқёнуси Ҳинд дониста ва онро маҳкум кард.

Вай изҳор дошт: Бар асоси иттилооти мавҷуд, мутмаин шудем, ки ин ҳамла тавассути Эрон ва аз тариқи дрон сурат гирифтааст.

Блинкен бо баёни ин ки ба шиддат ин ҳамларо маҳкум мекунанд, афзуд: Чунин иқдомоте “ғайри қобили қабул” буда ва озодии киштиронӣ, ҳамлу нақли байналамилалӣ ва тиҷоратро таҳдид мекунад.

Вазири хориҷаи Амрико эълом кард, ки ин кишвар дар ҳоли баррасии мавзӯъ бо шариконаш ва давлатҳои минтақа барои посухи муносиб ба ин ҳамла аст.

Гуфтанист киштии “Mercer Street” таҳти мудирияти ширкати “Зодиак” мутааллиқ ба Эял Офер, бозаргони исроилӣ дар 30 июл ҳини сафар аз Танзания ба Амороти муттаҳидаи арабӣ дар Уқёнуси Ҳинд ҳадаф қарор гирифт, ки дар натиҷа 2 нафар аз хадамаи он кушта шуданд.

Шабакаи телевизионии “Ал-Алам” вобаста ба давлати Эрон эълом кард, ки ҳамлаи мазкур барои посух ба ҳамлаи ҳафтаи гузаштаи Телавив ба Сурия анҷом гирифтааст.

Аммо Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷа рӯзи якшанбе, (1-уми август) дар як нишасти хабарии маҷозӣ нақши ин кишвар дар ҳамла ба киштии исроилиро рад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ