Ҳукумати Чин барои пешгирии хуруҷи нав тамоми сокинони Вуҳанро барои COVID-19 озмоиш мекунад

Ба муносибати ҳолатҳои ба наздикӣ муайяншудаи сирояти ковидӣ ва бо мақсади пешгирии эпидемия ҳукумати Чин барои ҳамаи сокинони Вуҳан, ки авҷи аввали пандемия зиёда аз якуним сол пеш ба вуҷуд омадааст, санҷиши коронавирусро ташкил мекунад.

Дар ин бора муовини котиби генералии маъмурияти шаҳр Ли Тао рӯзи сешанбе хабар дод, хабар медиҳад ТАСС.

«Мо ба озмоиши таъҷилӣ ба коронавирус барои ҳамаи сокинон шурӯъ намудем, нақша дорем онро ҳарчӣ зудтар ба итмом расонем ва мо ҳарчи зудтар амал хоҳем кард» — гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ.

Дар заминаи ба таври назаррас бад шудани вазъи эпидемӣ дар Чин дар музофоти Ҳубейи наздикии Вуҳан бори аввал дар тӯли чанд моҳ шахсони сироятёфта муайян карда шуданд. Дар ин минтақа аллакай 14 чунин ҳолат мавҷуд аст (аз ҷумла интиқолдиҳандагони беаломат), ки ҳашт нафари онҳо дар Вуҳан мебошанд.

Тибқи натиҷаҳои барӯйхатгирии Чин, соли 2021 аҳолии Вуҳан аз 12,3 миллион нафар зиёд аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ