Ҷалби омӯзгорон аз вилоятҳои дигар


Бо ташаббуси садорати таълими халқи вилояти Самарқанд бо мақсади таъмини иҷрои қарори раисҷумҳури Ӯзбекистон – “Дар бораи чораҳои ҷалби мутахассисони соҳибтаҷруба ба ташкилотҳои будҷаии ҳудудҳои дурдаст” ва татбиқи лоиҳаи “Устодони Ӯзбекистони нав” ба зиндагӣ дар вилояти Фарғона ярмаркаи ҷойҳои холӣ ташкил шуд.
Дар ин ярмарка, ки дар мактаби таълими умумии махсуси рақами 40-и шаҳри Фарғона баргузор шуд, омӯзгорони ҳар се вилояти водӣ – Фарғона, Намангон ва Андиҷон иштирок карданд. Раиси садорати кор бо ходимони вазорати таълими халқ Алберт Ҳасанов, раиси садорати таълими халқи вилояти Самарқанд Зебинисо Шодиева ба саволҳои омӯзгороне, ки мақсади дар ҳудудҳои дурдаст кор карданро доштанд, ҷавоб доданд.
71 омӯзгор дар ин ярмарка барои дарёфти кор муроҷиат карданд. 51 нафар аз онҳо, ки тоифа ва салоҳияти нисбатан бартар доштанд, ба мактабҳои тоифаи сурхи ноҳияҳои Нуробод, Қӯшработ ва Каттақӯрғон ба кор қабул шуданд.
22 нафар аз ин омӯзгорон тоифаи олӣ, 29 нафар тоифаи якум аз фанҳои забони англисӣ, забони модарӣ ва адабиёт, биология, кимиё, математика ва физика доранд.
Ҳоло 62 мактаби дурдаст ва аз ҷиҳати таълим дорои тоифаи сурхи вилояти мо ба 269 нафар омӯзгори соҳибтаҷрубаву кордон эҳтиёҷ доранд.
Пеш аз соли таҳсили 2021-2022 донишҷӯёни Донишгоҳи давлатӣ ва Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, ҳамчунин омӯзгорон аз вилоятҳои дигари ҷумҳурӣ ба ин мактабҳо барои кор ҷалб мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои вилоят 30 нафар омӯзгор аз ноҳия ва вилоятҳои дигар кор мекунанд. Ин омӯзгорон бар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ изофапулӣ мегиранд.
Хадамоти матбуотии садорати таълими халқи вилоят

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ