Сирри дарозумрии японҳо


Ҳоло 50000 нафар япон 100 сол ва аз он зиёд умр дидаанд. Баъд аз 15 сол дар Япония беш аз як миллион нафари онҳо аз “ҳудуди садсолагӣ” мегузаштаанд. Чӣ хел?
Чунин дарозумрӣ дар ягон мамлакати дигари дунё дида намешавад. Шояд касе гӯяд, ки сирри дарозумрии онҳо дар моҳии хом ва растаниҳои обиро хӯрданашон аст. Вале ин нодуруст аст. Чунки дар дунё бисёр мамлакатҳои наздиуқёнусӣ ҳаст, ки хӯроки аҳолии онҳоро маҳсулоти уқёнусӣ, мева ва сабзавот ташкил медиҳад, вале нисбати японҳо ду маротиба кам умр мебинанд.
Сирри дарозумрии японҳо дар ин аст,ки онҳо қӯшиш мекунанд ҳангоми сӯҳбат кайфиятро вайрон накунанд. Дар миёни халқҳои дигари ҷаҳон ин падида шояд ноёб бошад.
Мӯҷизаи иқтисодии Япония бояд эътироф шавад: онҳо замини калон надоранд, захираҳои табиӣ надоранд. Вале дар баробари ҳамин онҳо дар дунё халқи аз бадавлаттарин мебошанд. Маоши миёнаи Японҳо дар як моҳ – севуним ҳазор доллар аст.
Чаро мо дар бораи чунин дастоварҳои аҷиб ҳикоя мекунем?
Сирри муваффаққияти Япония дар ҳамин аст: японҳо яке аз аввалинҳо шуда, назорати афкори худро омӯхтанд. Онҳо хуб дарк намуданд,ки фикрҳои манфӣ на танҳо кайфияти ҳамсӯҳбатро мекоҳад, балки ба тансиҳатӣ ва ояндаи ӯ зарар мерасонад, аз забони худ калимаи “не” – гирифта партофтанд.

Тарҷумаи Т. Азимов аз русӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ