Ўзбекистон дар Қазоқистон масҷид месозад


Ҳоло дар шаҳри Туркистони Қазоқистон аз сӯи Ӯзбекистон масҷиди нав сохта мешавад. Ин масҷид соли 2022 ба баҳрабардорӣ мерасад ва дар он якбора то 5 ҳазор нафар метавонанд намоз гузоранд.
Бино ба хабари Кун.уз ба нақл аз хадамоти матбуотии ҳокимияти вилояти Туркистон, барои сохтусози ин масҷид бар пояи таҷрубаи беҳтарин меъморони ҷаҳонӣ қад хоҳад афрохт.
Майдони умумии масҷид 20 ҳазор метр мураббаъ буда, маҷмӯа толори маросимҳои динӣ, толори конгресс, мадраса, китобхона, ошнхона, варзишгоҳ ва таваққуфгоҳ низ хоҳад дошт.
Ҳанӯз маълум нест, ки сохтусози масҷидро аз сӯи кадом манбаъҳои молиявӣ тамвил мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ