Фарҳанг

Ман ҳам мегиристам

Воқеа Моҳи ноябри соли 1975-ум буд. Мо, бо талабагони гидротехникум, пас аз ғунучини меваю сабзавоти ноҳияи Булунғур ба ҷамъоварии пахта сафарбар гардидем. Деҳае, ки мо истиқомату пахта мечидем, аз кӯчаи калони Самарқанд – Бухоро тахминан дар масофаи 7-8 километр дуртар ҷойгир буд. Талабагонро ба хонаҳои мардум тақсим кардем. Ман бо якчанд нафар талабагон дар ҳавлии муаллими мактаби ҳамон деҳа – Баҳромака ҷойгир шудам. Он вақтҳо фарши меҳмонхонаҳо тахтагин набуд. Рӯзона хеле гарм шавад, шабона об ях мекард. Ҳамаи инҳо сабабгори зуд-­зуд беморшавии талабагон мегашт.Дар ҷомадон доруҳои бисёре дош­тем. Дорувориро шодравон духтури техникум Ирина Фёдоровна таъмин мекард ва ба мо табобат карданро ҳам меомӯзонд. Бинобар ҳамин, мо қариб нимдухтур шуда будем. Дар акси ҳол волидайни баъзе талабагони бемор, аз гиребони мо, муаллимон мегирифтанд…Барои мо, омӯзгорон шабҳо оромӣ набуд. Талабагон дар синну соли гузариш буданд. Дар байни онҳо бачаҳои шӯху балои аз «Хонаи бачагон» ва дигар ҷойҳо дохилшуда бисёр буданд…Деҳа дар тарафи рости кӯчаву майдонҳои калони пахта ва тале дар ҷониби чапи кӯча ҷойгир буд. Пагоҳӣ дар назди он тал ҷамъ мешудем ва саркор моро ба майдонҳои пахта тақсим мекард. Майдонҳо рақам доштанд ва рақамҳо гектарро ифода мекарданд. Бо нишондоди саркор пагоҳӣ бо талабагони гурӯҳи якум ба майдони рақами 40 рафтем. Кори гурӯҳро ташкил карда, гурӯҳи дуюмро хабар гирифтам ва ба назди тал баргаштам. Дар осмон аллакай офтоб нурафшонӣ мекард ва ба бадани хунукхӯрдаи ҳамагон ҳаловат мебахшид. Мо бо ҳисобчӣ сӯҳбат мекардем, ки аз дур хараробае намоён шуд ва ба сӯйи мо меомад. Дар болои ароба як мӯйсафеде тахминан 75-сола менишаст. Дар паҳлӯяш самовари чойҷӯшонӣ, баки 40-литраи об, дос ва дигар чизҳо буданд. Ба болои хар бошад, зани солхӯрдае менишаст. Онҳо дар назди тал қарор гирифтанд. Пирамардро аз харароба озод карда, ба дарахте баст ва самовари чойҷӯшониро дар ҷойи мувофиқе гузошт. Онро бо об пур карда, ба кампираш чизе гуфт ва досу халтаро гирифта, ба сӯйи алафзор рафт. Пиразан дар оташдони самовар оташ гиронд… Ӯ диққати маро ба худ кашид.Ман аз рӯйи вазифа назди гурӯҳҳо рафтам.Рӯзи сеюм ё чорум бо аҳли гурӯҳҳо дар майдони 80 сӯҳбат гузаронида истода будам, ки яке талабагон овози баланд кард:– Ие, бинетон, чойхоначихола ба сӯйи мо омада истодаанд, – гуфту тозон ба пешвози хола давид.– Ӯғлум… Ӯғлум домлаларинг самарқандлик тожикми?– Ҳа, холажон, нима эди?Ман ҳам наздик шуда, пурсидам.– Холажон нима хизмат, болаларимиз бирон шӯхлик қилгани йуқми?– Не, не домуллоҷон, хотирҷамъ бошед, талабагонатон боадаб, чунки мо бо ҳамдеҳагон фаҳмидем, ки шумо нисбати онҳо сахтгиру меҳрубон будаед, раҳмат.– Холаҷон, шумо аз куҷо тоҷикиро ин қадар нағз медонед?Пиразан як табассуми пурмаъние карду пас аз андаке ба гап даромад:– Ман аслан аз гузари Аллофии Самарқанд ҳастам. Падарам аз бемории вабо вафот карданду ман бо додарчаам, дар тарбияи модарам мондем. Дар он солҳо якчанд ҷону ҷигарҳоямон бар асари ин беморӣ аз олам чашм пӯшиданд. Қаҳтӣ сар шуд. Он вақт ман 15-сола будам. Аҳволамон хеле танг шуд. Бо розигии худам маро ба як пуд гандум иваз карданд. Он мӯйсафеде, ки ҳамроҳ мегардем, шавҳари ман мебошанд. Он кас аз ман 15 сол калон бошанд ҳам, маро ба ин кас никоҳ карда доданд. Аз сабаби дурӣ ба Самарқанд равуо кам шуд. Солҳои қаҳтӣ гузашту аҳволамон беҳтар гардид. Вале рӯзҳои нағз дер давом накард. Ҷанги хонумонсӯз сар шуд. Як каф гандум ёбем, ба фронт мефирис­тодем. Додараки наврасам гоҳо ба 40 километр масофа пиёда омада мерафт. Ӯ ба воя расиду дар заводи «Красний двигател» ба кор даромад. Феврали соли 1944 ӯро ба фронт даъват карданд. Як рӯз пеш аз рафтанаш барои хайрухуш омад. Мо хоҳиш кардем, ки шаб хоб кунад, аммо ба як пиёла чой базӯр нишаст ва гуфт:– Ман соати 8-и пагоҳ бояд дар комиссариати ҳарбии вилоят ҳозир шавам.Резаборон меборид ва он аз омадани баҳор дарак медод. Ман бо язнааш барои гусел баромадем. Ҳӯ ана кӯпрукро мебинед? – гуфту кӯпруке, ки дар кӯчаи калон воқеъ буд, ишора кард. – Ба назди ҳамон кӯрук омадему ӯ хоҳиш кард, ки мо баргардем ва беҳуда тар нашавем. Ба пояш калӯши даридаю дар танакаш ҷомаи чилямоқ буд. Оғӯшкашӣ кардему ӯ ба роҳ даромад ва тез-­тез роҳ мерафт. Ӯ роҳравон ҳар замон рӯяшро ба тарафи мо гардонда менигарист. Ин гуна нигоҳкуниҳояш ғайриоддӣ буд, – гуфту ашк гулӯяшро хафа кард. Пас аз лаҳзае боз суханашро давом дод:– Ман имрӯзҳо давраи бачагиамро бисёр хоб мебинам. Дар ҳавлиамон як дарахти тут, олболу ва воиши токи ҳусайнӣ буд. Онҳоро падарам ба воя расонида буданд. Мо, бачагон, ба болои тут баромада тут мехӯрдем. Дар миёнаи гузарамон ҳавзи калоне воқеъ буд. Аз он бо кӯзаҳо об мекашонидем…Ӯ каме сукут карду суханашро давом дод:– Ман аз додаракам 4 бор мактуби секунҷа гирифтам, ки онҳоро то ҳол дар сандуқ нигоҳ медорам, чунки аз вай бӯйи додарам меояд. Моҳи феврали соли 1945 аз ӯ хати сиёҳ омадааст. Он вақт модарам дар фабрика кор мекарданд. Хати сиёҳро гирифтаанду ба сактаи дил дучор шудаанд ва дигар ба кор набаромадаанд. Каме нагузашта дар фироқи соҳиби мурдаву зиндаашон аз олам чашм пӯшидаанд. Хабари марги додараму модарамро ман пас аз як ҳафта шунидам. Дар пеши қабри модарам омадаму фиғонам ба фалак печид, гоҳ даст ба сарам мезадаму гоҳ ба зонувонам. Пас аз ин воқеа равуои ман ба зодгоҳам қатъ гардид. Имрӯзҳо хеле мехоҳам, ки як лаҳзае бошад ҳам, ба Самарқанд равам. Вале он ҷо раваму маро ҳеҷ кас нашиносад, – гуфту гиреҳе роҳи гулӯяшро баст. Нури чеҳраи пиразан парид ва ба кӯдаки хору зору бепарастор шабоҳат дошт.Ӯро барои дилбардорӣ кардан қуввате ёфта натавонистам, чунки худи ман ҳам мегиристам… Шодмон АМОНУЛЛОЕВ.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ