Антиваксинатори маъруфи ИМА бар асари коронавирус вафот кард

Барандаи телевизион ва радиои амрикоӣ Дик Фарелл, ки аз шунавандагонаш даъват мекард, то ки ваксинаи зидди COVID-19 нагиранд, пас аз гирифтор шудан ба коронавирус аз олам даргузашт. Дар ин бора 8 август нашрияи «The Guardian» иттилоъ дод.
Фарелл ҷонибдори президенти пешини ИМА Доналд Трамп буд ва аз сартабиби санитарии ин кишвар Энтони Фаучӣ интиқод мекард. Фарелл Фаучиро «дурӯғгӯ ва аз роҳ зананда» меномид ва аз моҳи июн инҷониб мардумро алайҳи ваксина ташвиқ менамуд.
Ба иттилои нашрия, пас аз бемор шудан ва дар беморхона бистарӣ гардидан, ӯ ақидаи худро дар бораи ваксинаҳо тағйир дод. Дӯсти наздики ӯ ва ҳамчунин антиваксинатор Эми Ли Хейр гуфт, ки баранда ба ӯ паём наишта, даъват кардааст, ки ваксина гирад. Фаррелл инчунин ба вай навиштааст, ки ӯ низ мехоҳад ваксина гирад ва «вирус ҳазл нест».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ