Сергей Ковалев, ҳомии ҳуқуқ ва яке аз муаллифони конститутсияи Русия даргузашт

Сергей Ковалев, ҳомии ҳуқуқ ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи Русия дар 91-солагӣ даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар бораи марги Сергей Ковалевро писари ӯ Иван, дар саҳифаи Фейсбукаш хабар додааст.
“Падарам рӯзи 9-уми август дар шаҳри Маскав фавтид”, — навиштааст писараш.
Ковалев яке аз тарафдорону ҳамроҳони Андрей Сахаров, ҳомии машҳури ҳуқуқ буд.
Ковалёв дар соли 1974 барои фаъолиятҳояш дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи башар боздошт ва ба 7 сол зиндон маҳкум шуд.
Дар солҳои навадум ӯ яке аз бунёдгузорони маркази ҳуқуқи инсон «Мемориал» (ба феҳристи агентҳои хориҷӣ ворид карда шудааст) дар Маскав буд.
Ӯ нахустин Ваколатдори ҳуқуқи башари Русия буд. Ӯ ошкоро ба ҳукумати Русия дар бораи поймол кардани ҳуқуқи башар гузориш медод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ