Дар Маскав санҷиши доимии муҳоҷирон шурӯъ мешавад

Санҷишҳои доимии муҳоҷирон дар Маскав ва вилояти Маскав оғоз мешаванд, Тавре Pravda.ru хабар додааст, назоратро кормандони Бозрасии давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Гвардияи миллӣ анҷом медиҳанд.

Ҳамин тавр, аз 14-уми август дар пойтахт ва вилояти Маскав рейди «Ронандаи таксӣ» оғоз мешавад.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ муҳоҷирони кориро, ки дар хадамоти таксиҳои Маскав кор мекунанд, тафтиш хоҳанд кард. Пеш аз ба кор даровардани идентификаторҳои рақамии ронандагони таксиҳо, полиси роҳ санҷиши мукаммал мегузаронад.

Ҳамчунин ҳангоми рейд технологияҳои «Умный город» истифода мешаванд.

Ҳамин тариқ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мехоҳанд нисбати ронандагони таксие, ки дар системаи КИС «АРТ» сабти ном нашудаанд, чораҳо муайян ва татбиқ кунанд.

Рейди дуввум бо номи «Муҳоҷир» дар ҷойҳои иқомати оммавии хориҷиёне, ки дар Русия кор мекунанд, сурат мегирад.

Рейдҳо аз сабаби зиёд шудани муноқишаҳои оммавӣ байни муҳоҷирон ба амал омадаанд. Тибқи гузориши ахири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, сатҳи ҷинояткорӣ дар байни шаҳрвандони хориҷӣ аз аввали соли 2021 5% афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, фаъолияти ғайриқонунӣ афзоиш меёбад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ