Штаммҳои нави коронавирус бо номҳои бурҷҳо номгузорӣ хоҳанд шуд

Коршиноси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Мария Ван Керхове истисно накард, ки дар оянда вақте ки ҳарфҳои алифбои юнонӣ кифоят намекунанд, вариантҳои нави коронавирус бо номи бурҷҳо ишорат карда мешаванд.
Дар охири моҳи май СУТ эълом дошт, ки барои номҳои штаммҳои нави SARS-CoV-2 ҳарфҳои алифбои юнонӣ истифода хоҳанд шуд. Қайд гардид, ки номҳои нав ба он вариантҳое дода мешаванд, ки мавриди таваҷҷӯҳанд ё боиси нигаронӣ мешаванд, хабар медиҳад РИА Новости.
Истифодаи ҳарфҳои алифбои юнонӣ даъват менамояд ба наҷот ёфтан аз таҷрибаи ишорат кардани вариантҳои нав бинобар ҷои пайдоишашон ёрманӣ дода шавад, ки бинобар ақидаи СУТ метавонад ҳуқуқи кишвар ва қаламравҳоеро, ки бори аввал штампи мушаххас кашф шудааст, поймол кунад.
Ван Керхове дар мусоҳиба ба нашри бритонии «Telegraph» гуфт: «Шояд ба мо алифбои юнонӣ кифоят накунад, аммо мо аллакай силсилаи навбатии номҳоро дида истодаем.»
Коршиноси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки дар сурати нокифоя будани 24 ҳарфи алифбои юнонӣ, варианти номҳои худоҳо ва олиҳаҳои Юнони қадим низ баррасӣ шуда буд, аммо онро аллакай инкор карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ