Аз 10 август чӣ гуна қаҳвахона ва тарабхонаҳо метавонанд бидуни маҳдудият кор кунанд?

Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус масъалаи сабук кардани маҳдудиятҳои карантинӣ дар кори хӯроки умумиро баррасӣ намуда, дархост ва даъвати бисёр соҳибкоронро оид ба дастгирии ҳамаҷониба ба соҳибкорӣ дар вазъияти душвори эпидемиологӣ ба назар гирифт.
Тибқи иттилои хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ, аз 10 август:
ба муассисаҳои хӯрокхӯрӣ — тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхона ва чойхонаҳо, ки кормандон ва коргаронашон (ба истиснои кормандонии бинобар сиҳатиашон мамнӯъ) шаҳодатномаи эмкунӣ бо ҳадди ақалл ду вояи ваксинаи коронавирус (новобаста аз намуд) доранд, маҳдудиятҳои муваққатӣ оиди кор аз соати 8:00 то 20:00 ва барои кор танҳо дар беруни бино татбиқ карда намешаванд (онҳо метавонанд баъд аз соати 20:00 ва дар дохили хона кор кунанд);
ба муассисаи хӯроки умумӣ тавсия дода мешавад, ки муштариёнро, ки QR-код ё шаҳодатномаи эмкунӣ бар зидди коронавирус доранд, (ба истиснои кормандони барои сиҳатиашон мамнӯъ) ба муассисаҳои хӯроки умумӣ роҳ диҳанд,.
Аз 1 октябри соли 2021 кори объектҳои соҳибкорӣ ва муассисаҳои хидматрасонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, агар кормандони онҳо (ба истиснои онҳое, ки барои сиҳҳатиашон мамнӯъ мебошанд) шаҳодатномаи эмкунӣ бо на камтар аз ду вояи ваксинаи коронавирус надошта бошанд (новобаста аз намуд) муваққатан боздошта мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ