Вазири меҳнати Тоҷикистон дар Самарқанд


Имрӯз дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Самарқанд вакилони ҳокимияти вилоят, роҳбарони Садорати шуғл ва муносибатҳои меҳнати вилояти Самарқанд, вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ ва дигар мутасаддиён меҳмон — Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзодаро, ки ба мамлакатамон ташриф овардааст, бо нону намак ва гулдастаҳои тару тоза самимона пешвоз гирифтанд. Ба ходимони масъули Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнати Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ҳамроҳӣ доштанд.
Вазир бо мақсади шиносоӣ бо ҷалбсозии ҷавонон ба касбу ҳунаромӯзӣ ва зиёрати шаҳри бостонӣ ба Самарқанд ташриф фармудааст. Вазир ва ҳамсафарҳои ӯ нахуст бо фаъолияти Маркази касбу ҳунаромӯзии шаҳри Самарқанд шинос шуданд. Директори маркази мазкур — KOICA Исмоил Эргашев хонаи компутерӣ, студияи видео-аудио барин дарсхонаҳо, ҷараёни касбу ҳунаромӯзии донишомӯзони марказ, шароитҳои барои онҳо фароҳамовардаро ба меҳмонон яко-як шиносо намуд. Дар охир вазир ба дафтари меҳмонони марказ таассуротҳои худро дар бораи марказ навишт.
Сипас, дар ҳокимияти вилояти Самарқанд вохӯрии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ва Ширин Амонзода баргузор гардид. Э.Турдимов ва Ш.Амонзода дар бораи ҳамкории ду мамлакати дӯсту ҳамсоя, алоқаҳои байниҳамдигарии онҳо дар соҳаҳои гуногун, эътибор ба касбу ҳунаромӯзии ҷавонон ва ғайра ҳарф заданд. Э. Турдимов ба вазир тӯҳфаи самарқандиёнро тақдим намуд. Дар навбати худ Ш.Амонзода ба ҳокими вилояти Самарқанд тӯҳфаи тоҷикистониҳоро супурд. Дар ин ҷо вазир ба саволҳои вакилони ахбори оммавӣ посух дод.
Баъди ҳамин, вазир ва дигар меҳмонон бо фаъолияти Мономаркази “Ба кор марҳамат!”-и шаҳри Самарқанд шинос шуданд. Мутасаддиён ба меҳмони тоҷикистонӣ дар бораи шароитҳои ба касбу ҳунаромӯзии ҷавонони бекори ба “Дафтари ҷавонон”, “Дафтари занон” дохилшуда маълумот доданд.
Вазир баъди пешин Майдони машҳури Регистон, расадхонаи Мирзо Улуғбек ва дигар ҷойҳои таърихии шаҳри Самарқандро тамошо кард. Бегоҳирӯз меҳмонон ба пойтахт баргаштанд.
-Пагоҳии рӯзи 9-уми август дар шаҳри Тошканд шудем. Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Амонзода бо Вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнати Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Нозим Ҳусанов ба амал омад. Меъморандуми ҳамкории “Ёддошти тафоҳум” ба имзо расид. Дар байни Пажӯҳишгоҳи меҳнати назди вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Донишкадаи бозорҳои меҳнати Ӯзбекистон шартнома аз рӯйи ҳамкорӣ ба имзо расид. Фардо бегоҳ мо ба Душанбешаҳр бармегардем. Ҳусни имрӯзаи пойтахт ва шаҳри Самарқанд ба мо хеле писанд омад, ва таассуротҳоямон аз сафари серӯза зиёд аст, — гуфт ёрдамчии вазир Умед Исҳоқзода.
Ҷамшед ОБИДОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ