Ёрии моддии 500 ҳазорсӯмина ба киҳо дода мешавад?

30‑юми июли соли 2021 қарори Президентамон «Дар бораи чораву тадбирҳои дастгирӣ намудани фарзандони оилаҳои камтаъмин ва ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёзманд» қабул гардид.
Тибқи қарор, дар моҳи августи соли 2021 бо мақсади аз ҳисоби маблағҳои буҷа пардохтани хароҷот барои таъмин намудани фарзандони оилаҳои камтаъмин ва ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ бо маҷмӯи сару либос, формаи мактабӣ ва асбобҳои хониш, барои ҳар як фарзанди то синни 18‑солаи оилаҳое, ки ба «Дафтари оҳанин» дохил шудаанд, 500 ҳазор сӯм, ба фарзандони ба синни 18‑солагӣ нарасидаи оилаҳое, ки пенсия ё ки нафақаи бепарасторӣ мегиранд, бачагони ба синни 18‑солагӣ нарасида, ки ногироӣ доранд, пардохтани ёрии моддии якмаротибаина ба миқдори 500 ҳазор сӯм пешбинӣ шудааст.
Дар вилоят ҷамъан ба 32725 нафар бачагони ноболиғ, ки дар ҳисоби хазинаи пенсия истода, парасторашонро аз даст додаанд, ногироӣ доранд, 22 миллиарду 119 миллион сӯм маблағи ёрии моддӣ ҷудо гардидааст (ба ғайр аз онҳое, ки ба «Дафтари оҳанин» дохил нашудаанд). Имрӯз барои додани пулҳои ёрии моддӣ ба бачагони мазкур пардохтҳояшон расмӣ кунонида, қайднома ба «Бонки халқӣ» ва бонкҳои тиҷоратӣ фиристода шуд.
Аз ҷониби ходимони масъули Садорати хазинаи нафақаи вилоят ва шӯъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) оид ба тақсим кардани маблағҳои мазкур мониторинги ҳаррӯза ба роҳ монда шуд.

Абдурашид РАҲИМОВ, мудири сектори Садорати хазинаи нафақаи берун аз буҷаи вилоят

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ