ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ТАЪСИС ЁФТАНД

Ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботӣ баргузор шуд. Ҷамъомад таҳти раёсати раиси КМИ З.Низомхоҷаев сурат гирифт.
Дар ҷамъомад масъалаҳои таъсиси ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аккредитатсияи намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ барои инъикоси интихобот баррасӣ шуданд.
Бинобар масъалаи якум муовини раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Б. Қӯчқоров, ки иштирокдорони ҷамъомадро дар бораи талаботи қонунгузорӣ оид ба таъсиси ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазифаҳои онҳо хабардор намуда, инчунин бо рӯйхати ҳавзаҳои интихоботии таъсисдодашаванда, ҳудудҳои онҳо, шумораи интихобкунандагон ва маҳалли ҷойгиршавии комиссияҳои интихотии ҳавзавӣ шинос намуд.
Шумораи интихобкунандагон дар доираи ҳар як ҳавза дар асоси маълумоти Низоми иттилоотии идоракунии раванди интихобот дар рӯзи баргузории ҷамъомад муайян карда шуд.
Ҷойи комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ аз ҷониби Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд пешниҳод карда шуданд.
Мувофиқи моддаи 9-уми Кодекси интихоботӣ ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ дар ҳудудҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд таъсис дода мешаванд.
Дар ҷамъомади КМИ дар бораи таъсис додани 14 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи ҳудудҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд қарор қабул шуд.
Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ бо нишон додани ҳудуди онҳо, шумораи интихобкунандагон ва маҳалли ҷойгиршавии комиссияҳои ҳавзавии интихобот аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот нашр карда мешавад.
Дар ҷамъомад инчунин масъалаи номнавискунии намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ баррасӣ гардид.
Чӣ хеле ки таъкид гардид, Комиссияи марказии интихот ба масъалаҳои ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммавӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокдорони ҷараёни интихобот, васеъ, таъҷилӣ ва озодона паҳн намудани иттилооти холисона дар давраи маъракаи интихоботӣ эътибори алоҳида муҳим медиҳад.
Мувофиқи моддаи 35-и Кодекси интихобот намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ҳуқуқ доранд тамоми чораҳои омодагӣ ва гузаронидани интихоботи дарпешистодаро инъикос кунанд, дар рӯзи интихобот дар бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла ҳангоми шумурдани овозҳо ҳозир шаванд.
Дар баробари ин, ваколатҳои намояндагони ВАО бояд бо ҳуҷҷатҳое, ки Комиссияи марказии интихобот додааст, тасдиқ карда шаванд.
Мувофиқи талаботи қонунгузорӣ Комиссияи марказии интихобот раванди аккредитатсияи намояндагони ВАО-ро оғоз кард. Воситаҳои ахбори оммавӣ аз рӯзи эълони маъракаи интихоботӣ ҳақ доранд, ки барои аккредитатсия ба КМИ ариза пешниҳод кунанд. Қабули ариза даҳ рӯз пеш аз интихобот қатъ карда мешавад.
То имрӯз як қатор расонаҳо барои аккредитатсияи намояндагони худ ба Комиссияи марказии интихобот ариза додаанд. Дар ҷамъомад дар бораи аккредитатсия ва додани шаҳодатномаҳои дахлдор ба зиёда аз 500 намояндаи ВАО қарор қабул шуд.

Нурулло НАСРИЕВ,
мухбири ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ