Рӯзҳои 12-13 август дар Тошканд Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи ҷавонон баргузор мегардад

12-13 августи соли 2021 дар Тошканд Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи ҷавонон баргузор мегардад. Ин форуми байналмилалӣ дар асоси ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 46-уми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ ташкил карда мешавад.
Мувофиқи хабари маркази матбуоти Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон, форуми умумиҷаҳонӣ дар шакли гибрид, яъне дар тартиби офлайн ва онлайн гузаронда мешавад. Интизорӣ меравад, ки дар маросими кушоиши он Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет, сафири Котиби генералии СММ оид ба кор бо ҷавонон Ҷаятма Викраманаяке, Котиби генералии Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг, Котиби генералии САҲА Хелга Мария Шмидт ва дигар роҳбарони сохторҳои байналмилалӣ баромад мекунанд.
Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба мавзӯи «Ҷалби ҷавонон ба амалиёти ҷаҳонӣ» бахшида мешавад. Иштирок дар Конфронси умумиҷаҳониро беш аз 500 намояндагони зиёда аз 30 мамлакат ва созмонҳои байналмилалӣ тасдиқ намуданд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар айни ҳол дар асоси ташаббуси Президенти Ӯзбекистон, ки дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ пеш гузошта шуд, раванди коркарди Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи ҷавонон идома дорад.
Дар рафти форуми Тошканд иштироки ҷавонон дар рушди кишварҳои худ дар ҷанбаи таъсири COVID-19 ба аҳолии озордида, чораҳои дастгирии ҷавонон дар дастрасӣ ба таълими хушсифат ва шуғл, инчунин иштироки ҷавонон дар қабули қарорҳое, ки ба ҳаёти онҳо таъсир мерасонанд, баррасӣ хоҳанд шуд.
Иштирокдорон пешомади такмил додани механизмҳои мавҷуди байналмилалиро барои ҳифз ва дастгирии ҳуқуқи ҷавонон баррасӣ менамоянд.

Назокат УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ