Олмон ба Ӯзбекистон ваксинаҳои AstraZeneca мефиристонад

Намояндаи Девони Вазирони Олмон Улрике Деммер (Ulrike Demmer) дирӯз, 9 август зимни брифинг гуфт, ки Олмон ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ 30 миллион вояи ваъдакардаи ваксинаи коронавирус кумак мекунад. Дар ин бора Deutsche Welle менависад.
«Чуноне шумо медонед, Олмон 21 май дар Саммити умумиҷаҳонии тандурустӣ эълом дошт, ки то охири сол, пеш аз ҳама, ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ҳадди аққал 30 миллион вояи ваксина медиҳад» -гуфт ӯ.
«Олмон ин вояҳоро асосан тавассути ташаббуси COVAX интиқол додааст»,-афзуд Деммер.
Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи ваксинаи ширкати AstraZeneca меравад, ки акнун ба Афғонистон, Судон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эфиопия ворид мегардад.
COVAX механизми байналмилалӣ аст, ки СУТ дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди ҷаҳонии ваксинаҳо ва иммунизатсия ва эътилофи навовариҳо барои омодагӣ ба эпидемия баровардааст. Он таъсиси иқтидори истеҳсолиро дастгирӣ мекунад ва харидро анҷом медиҳад. Дар мувофиқа бо шартҳои барномаи кишварҳои пешрафта барои хариди ваксинаҳо ба давлатҳои дар ҳоли рушдбуда, пардохт мекунанд. Тибқи нақшаҳо, то охири соли 2021 бояд 2 миллиард вояи ваксинаҳо истеҳсол ва ба тамоми ҷаҳон баробар тақсим карда шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ