Кор бо муроҷиатҳо: штаби зудамал ташкил гардид

Мутобиқи фармоиши ҳокими вилоят аз 5‑уми августи соли ҷорӣ бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои аз ҷониби Президент, ки дар маҷлиси 23‑юми июл гузарондашуда пешниҳод шудааст, тамоман ба таври нав ташкил намудани сохтори кор бо муроҷиатҳои аҳолӣ, саривақтӣ дида баромадани муроҷиатҳо ва ноил шудан ба розигии аҳолӣ штаби вилоятии иборат аз 39 нафар ташкил карда шуд.
Ҳокими вилоят роҳбари штаби мазкур, сардорони секторҳо, мудири Қабулхонаи халқи вилоят ва ҷонишини якуми ҳокими вилоят ҷонишинони роҳбари штаб таъин гардиданд. Ҷонишини ҳокими вилоят ва ходимони мас­ъули ҳокимият, роҳбарони садорат ва идораҳои вилоят аъзоёни штаб ҳисоб меёбанд.
Бо фармоиш ба роҳбари хизмати ахбори ҳокимияти вилоят ва котиби штаб вазифаи саривақтӣ дида баромадани 58461 муроҷиате, ки тавассути Қабулхонаҳои виртуалии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Қабулхонаҳои халқ омада расидааст, дар муддати 2 рӯз дар доираи соҳаҳо ва секторҳо таҳлил намудан супурда шуд.
Ба ҷонишинони ҳокими вилоят, роҳбарони гурӯҳҳо, сардорони садорату идораҳо, ҳокимони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони секторҳо масъулияти шахсии сари вақт, сифатнок дида баромадан ва ёфтани ҳалли қонунии он супурда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ