Муваффақиятҳои варзишгарони ӯзбекистонӣ дар мусобиқаи бонуфуз

Шоми 8‑уми август маросими пӯшидашавии 32‑юм Бозиҳои Олимпиада дар Токио баргузор шуд.
Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах зимни суханронӣ гуфт, ки Олимпиадаи Токио‑2020 дар пасманазари пандемияи COVID‑19 ба ҷаҳон умед бахшид.
Томас Бах дар Варзишгоҳи миллии Токио Бозиҳои олимпии соли 2020‑ро пӯшида эълон кард. Бозиҳои олимпии Токио бо сабаби бӯҳрони глобалии тандурустӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, назар ба нақша як сол дертар баргузор шуд.
Як қатор чораҳои зидди COVID‑19 аз ҷониби созмондиҳандагон барои таъмини бехатарии варзишгарон амалӣ карда шуданд, аммо ба мухлисон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳо иҷозат дода нашуд.
Томас Бах дар муроҷиат ба варзишгарон гуфт: «Шумо моро бо ин қудрати муттаҳидкунандаи варзиш илҳом бахшидед. Ин бо дарназардошти мушкилоти зиёде, ки шумо бо сабаби пандемия дучор шудед, боз ҳам аҷибтар буд. Дар ин замони душвор, ки ҳамаи мо аз сар мегузаронем, шумо ба ҷаҳон қиматтарин тӯҳфа – умед – медиҳед. Бори аввал аз замони оғози пандемия, тамоми ҷаҳон ҷамъ омаданд. Варзиш ба марҳилаи марказӣ баргашт. Миллиардҳо нафарро дар саросари ҷаҳон эҳсосот муттаҳид мекарданд, лаҳзаҳои шодӣ ва илҳомро мубодила мекарданд. Ин ба мо умед мебахшад. Ин ба мо эътимод ба оянда мебахшад. Бозиҳои олимпии Токио‑2020 Бозиҳои олимпии умед, ҳамбастагӣ ва сулҳ мебошад».
Президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио‑2020 Сейко Ҳошимото дар навбати суханронии худ кори табибон ва волонтёронро ҷиҳати рафъи як қатор мушкилот ситоиш кард. Вай инчунин аз талошҳои варзишгароне, ки омодагиҳояшон ба Бозиҳо бо сабаби пандемия халалдор шуда буд ва бояд дар вақти дар пойтахти Ҷопон буданашон ба протоколҳои COVID‑19 риоя кунанд, истиқбол кард.
«Ҳеҷ калимае барои тавсиф кардани он чизе ки шумо дар Токио ба даст овардаед, вуҷуд надорад, – гуфт Ҳошимото. – Шумо он чизеро, ки тасаввурнашаванда менамуд, қабул кардед, фаҳмидед, ки чӣ кор кардан лозим аст ва бо меҳнат ва истодагарӣ душвориҳои аҷибро паси сар мекунед. Ин ба Олимпиадаи ҳақиқӣ расонд. Ғалабаи хурсандонаи як варзишгар мағлубияти талхи дигаре аст. Бо вуҷуди ин, дар як лаҳза, ғолиб ва мағлуб дар ҳамон эҳсоси эътироф ва эҳтиром ҷамъ меоянд. Ин зебоии Бозиҳои олимпӣ аст. Ин арзиши рӯҳияи олимпӣ аст».
Қайд кардан зарур аст, ки Ҳайати олимпии Ӯзбекистон низ дар Бозиҳои олимпии Токио ширкат карданд ва 3 медали тиллову 2 медали биринҷиро ба даст оварданд.
Бо ин нишондод варзишгарони кишварамон дар байни кишварҳои Осиёи Миёна аз рӯйи адади медалҳо ҷойи якумро соҳиб шуданд. Миёни мамлакатҳои туркӣ низ ҷойи аввалро ишғол карданд. Байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои исломӣ ҷойи дуюмро соҳиб шуданд.
Ӯзбекистон байни мамлакатҳои Осиё дар зинаи панҷум ва миёни кишварҳои ҷаҳон дар зинаи 32 қарор гирифт.
Рӯзи 9‑уми август иштирокдорони мусобиқаи бонуфуз, ки дар Токио шарафи ватанамонро муносиб ҳимоя карда, парчами давлатро баланд бардоштанд, дар Аэропорти байналмилалии Тошканд тантанавор пешвоз гирифта шуданд.
Ба сухан баромадагон таъкид карданд, ки имрӯз дар кишвар барои насли ҷавон шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон аз имкониятҳо истифода намуда, ба комёбиҳо мушарраф мегарданд. Новобаста аз вазъияти мушкили эпидемиологӣ варзишгарони кишварамон дар олимпиадаи Токио нишондодҳои шоёни эътирофро ба даст оварданд, ки ин сазовори таҳсин аст.
Дар Кумитаи миллии олимпӣ бахшида ба мукофотонидани ғолибони Бозиҳои олимпӣ тадбир доир гардид. Ба варзишгарон Баҳодур Ҷалолов, Улуғбек Рашидов, Акбарҷон Ҷӯраев, Давлат Бобонов ва Беҳзод Абдураҳмонов, ки дар майдонҳои варзишии Токио сазовори медал гардида буданд, тӯҳфаҳои Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон – автомобилҳои сабукрав ва калиди хонаву ҷой тантанавор супорида шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ