Имсол аввалин бозиҳои кишварҳои ИДМ баргузор мешавад


Аввалин Бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 4-ум то 11-уми сентябри соли равон дар Қазони Тотористон баргузор мешаванд, хабар медиҳад Оҷонсии иттилоотии «Татар-информ».
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқот ҳудуди 1,5 ҳазор варзишгарони ҷавон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар 16 намуди варзиш рақобат хоҳанд кард. Синну соли варзишгарон аз 14 то 23-сола аст. Онҳо барои 184 маҷмӯи ҷоизаҳо мубориза хоҳанд бурд.
Ба барномаи мусобиқот чунин намудҳои варзиш, монанди ҷудо, самбо, волейболи соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, футзал, бокс, бокси тайландӣ, шоҳмот, рақси варзишӣ, шамшербозӣ, каратэ, варзиши сангбардорӣ, армрестлинг (дастхобонӣ), мас-реслинг, гуштии озод, гуштии юнонӣ-румӣ, гуштии камарбандӣ, варзиши сабук ва баскетбол (3×3) дохиланд.
Вазорати варзиши Русия нишон ва тилисми аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ дар Қазонро тасдиқ кардааст. Кумитаи тадорукоти Бозиҳо мурғи фурӯзонро ҳамчун рамз ва палангро ҳамчун тилисм ё тумор интихоб намуд. Муаллифи тарҳрезии логотип Албина Сафиуллина аз Тотористон мебошад. Тилисмро Иброҳим Дурдиев аз Маскав кашидааст.
Бо ҳамин услуб созмондиҳандагони Бозиҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва медалҳо месозанд. Дар рафти мусобиқот мақомот аз 11 иншооти варзишӣ истифода хоҳанд кард. Меҳмонон дар деҳаи Универсиадаи Қазон зиндагӣ мекунанд. Маросими ифтитоҳи Бозиҳо дар хиёбони парчамҳо сурат мегирад. Фурӯши билетҳо барои тамошои аввалин Бозиҳои ИДМ дар Қазон имрӯз, 12-уми август, оғоз меёбад.
Ёдовар мешавем, ғояи гузаронидани Бозиҳо аз ҷониби Федератсияи Русия пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди мазкур дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе 28-уми сентябри соли 2018 дастгирӣ ёфт.
Дар аввал баргузории нахустин Бозиҳои ИДМ моҳи августи соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, аммо баъдтар бо сабаби пандемияи COVID-19 ба таъхир андохта шуд. Қарор аст, ки Бозиҳо ҳар ду сол дар ҳар як кишвари ИДМ баргузор шаванд.
Вазири варзиши Тотористон Владимир Леонов ба онҳое, ки мехоҳанд дар Бозиҳо ширкат варзанд, дар бораи зарурати истифодаи таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ хотиррасон кард, аммо барои санҷишҳо ва шаҳодатномаҳои эмгузаронии тамошобинон талабот вуҷуд нахоҳад дошт. Бо вуҷуди ин, ҳузури тамошобинон дар иншоот 50 дар сади иқтидори ҷойгоҳҳоро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ