Шералӣ Ҷӯраев ба лавозими роҳбарӣ таъин шуд


Бино ба қарори раисҷумҳури Ӯзбекистон Бунёди ҷамоатии “Ватандошлар” таъсис ёфт. Бар асоси ин қарор Шӯрои васигӣ фаъолияти ин фондро идора мекунад.
Сарояндаи халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев раиси ин шӯро ва Равшан Эрматов муовини ӯ таъин гардид.
Мақсад аз таъсиси Бунёди ҷамоатии “Ватандошлар” дастгирии ҳамаҷонибаи ӯзбекистониён дар кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Қудратилло Рафиқов, Хуршид Дўстмуҳаммад, Наим Каримов, Эркин Комилов, Озодбек Назарбеков, Алишер Саъдуллаев ва ғайра узви Шӯрои васигии фонд шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ