Фарҳанг

«Пирӯзинома»-и Абӯалӣ ибни Сино

«Пирӯзинома»-ро Абӯалӣ ибни Сино аз забони паҳлавӣ ба порсии дарӣ баргардонидааст. Дар китоби «Кашф-­уз-­зунун»-и Ҳоҷӣ Халифӣ нақл аст, ки ин асарро Бузургмеҳр барои Анӯшервон навиштааст ва онро Абӯалӣ ибни Сино ба амри Нӯҳ ибни Мансур соли 997 мелодӣ ба тоҷикӣ тарҷума карда аст. Дар «Шоҳномаи»-и Абулқосими Фирдавсӣ низ ишораҳо ба панду андарз гуфтани Бузургмеҳр дида мешавад.Анӯшервони Одил ҳеҷ чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва ҳакимони он аср ҳама эътиқодманд ва парҳезгор буданд. Як рӯз Нӯшервон Бузургмеҳрро талаб карда гуфт:– Мехоҳам сухане чанд муфид, лафзгуфтор андак, маънии бисёр ҷамъ созӣ, чунон ки дар дунёву уқбо судманд бошад.Бузургмеҳр як сол мӯҳлат хост ва ин суханонро ҷамъ кард ва «Зафарнома» ном ниҳод ва ба назди Анӯшервон бурд. Ӯро хуш омад ва шаҳреро бо мулкҳои хусусии ӯ илова кард ва фармуд, ки ин суханонро бо оби зар навиштанд. Доим бо худаш онҳоро нигоҳ медошт ва бисёр вақт ба мутолиаи ин китоб вақти худро сарф менамуд.Бузургмеҳр забон ба сухан кушода гуфт:– Аз устоди худ мепурсидам ва ӯ мегуфт:Гуфтам:– Эй устод, аз Худо (ҷ.ҷ) чӣ хоҳам, ки ҳамаи некӯҳо хоста бошам?Гуфт:Се чиз: тандурустиву эминӣ ва тавонгарӣ.Гуфтам:– Корҳо ба кӣ супорам?Гуфт:– Ба он кас, ки хештан шоиста бошад.Гуфтам:– Аз кӣ эмин бошам?Гуфт:– Аз дӯсте, ки ҳасадхӯр набошад.Гуфтам:– Чӣ чиз аст, ки биҳиштро сазовор бошад?Гуфт:– Илм омӯхтан ва аз ҷавонӣ ба кори ҳақ машғул будан.Гуфтам:– Кадом айб аст, ки назди мардум мӯътабар намояд?Гуфт:– Ҳунари худ гуфтан.Гуфтам:– Чун дӯсти ношоиста падид ояд, чӣ гуна аз вай бибояд бурид?Гуфт:– Ба се чиз: ба зиёрату диданаш кам рафтан, аз ҳолаш напурсидан ва аз вай ҳоҷат нахостан.Гуфтам:– Корҳо ба кӯшиш вобаста аст ё ба қазову тақдир?Гуфт:– Кӯшиш қазоро сабаб аст.Гуфтам:– Аз ҷавонон чӣ беҳтар ва аз пирон чӣ накӯтар?Гуфт:– Аз ҷавонон шарму далерӣ ва аз пирон донишу оҳистагӣ.Гуфтам:– Ҳазар аз кӣ бояд кард, то растагор бошам?Гуфт:– Аз мардуми чоплус, хушомадгӯи фиребанда ва хасис, ки тавонгар шуда бошад.Гуфтам:– Сахӣ кист?Гуфт:– Он кас, ки саховат кунаду дилшод шавад.Гуфтам:– Чӣ чиз аст, ки мардум ҷӯяду касе онро ба тамомӣ наёфтааст?Гуфт:– Се чиз: тандурустиву шодӣ, дӯстӣ ва мухлис.Гуфтам:– Некӯӣ беҳтар ё аз бадӣ дур будан?Гуфт:– Аз бадӣ дур будан сари ҳамаи некӯиҳост.Гуфтам:– Ҳеҷ ҳунар бошад, ки айб шавад?Гуфт:– Саховате, ки бо миннат бувад.Гуфтам:– Чӣ чиз аст, ки донишро биафзояд?Гуфт:– Ростӣ.Гуфтам:– Ранҷ аз чист?Гуфт:– Аз танҳоӣ.Гуфтам:– Чист, ки ҳамият -­ номусро барад?Гуфт:– Тамаъ……Гуфтам:– Агар илм омӯзам, чӣ ёбам?Гуфт:– Агар хурд бошӣ, калону номдор гардӣ, агар муфлис бошӣ, тавонгар гардӣ ва агар маъруф бошӣ, маъруфтар гардӣ.Гуфтам:– Ҳеҷ чизе набошад, ки нахӯранду танро суд дорад?Гуфт:– Суҳбати некон ва дидори ёру ҷомаи нарм ва ҳаммоми мӯътадил ва бӯйи хуш.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ