Эрон омори маргумири коруноро аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт пинҳон кардааст

Фармондеҳи ситоди муқобила бо коруно дар Теҳрон эълом кард вақте коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Эрон омаданд, мо ба ҷойи машварат бо онҳо, аз онҳо мехостем аз низоми саломатимон таъриф кунанд, оморҳои маргу мирро пинҳон кардем.

Алиризо Золӣ, фармондеҳи ситоди муқобила бо коруно дар Теҳрон дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт: вақте аввалин мавриди коруно дар Қум мушоҳида шуд хоҳони карантинаи Қум шудам ва гуфтам интихоботи шаҳри Қум таътил шавад, аммо баъзеҳо маро масхара карданд ва гуфтанд ин бемориро бароҳатӣ контрол мекунем.

Ба гузориши хабаргузории “Исно”, вай афзуд: Вақте коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Эрон омаданд, мо ба ҷойи машварат бо онҳо, мудом аз онҳо мехостем дар расонаҳо аз низоми саломати Эрон таъриф кунанд. Мо оморҳои маргу мирро аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт пинҳон кардем.

Золӣ дар идома гуфт: кумакҳои ҷаҳонӣ ва пизишкони бидуни марзро аз фурудгоҳ баргардондем дар ҳоле, ки иттилооти чандоне дар бораи вирус надоштем ва аз мушовираҳои байналмилалӣ истифода накардем. Чаро Чин, ки дӯсти самимии мо аст ба мо воксин кофӣ намедиҳад?

Фармондеҳи ситоди муқобила бо коруно дар Теҳрон тасреҳ кард: Хазинаи доруҳои коруно чанд баробари воридоти воксин шудааст, аммо иҷозаи хариди воксин надоданд чун фикр мекарданд гарон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ