“Динамо” кай ба худ меоӣ?


Ҳанӯз аз овони бачагӣ ба бозиҳои ҷамоаи “Динамо” –и Самарқанд мухлисӣ карда меоям. Солҳои 80-уми асри гузашта мухлисони вилоятҳои дигар ба бозиҳои ин ҷамоа бо ҳавас менигаристанд. “Динамо” бо бозиҳои босифаташ ба ҳазорҳо нафар ҳаводори футбол кайфияти хуш мебахшед. Дар таркиби худ Шариф Файзиев, Сергей Хрулёв барин ҳуҷумгарони пуртаҷриба дошт, ки дар ҳар як вохӯрӣ яктоӣ тӯб мезаданд.
Имрӯзҳо ба бозии “Динамо” ҳавас карда намешавад. Аниқ гуфта метавонем, ки дар вақти танаффуси якмоҳа “Динамо” тайёрии пухта надидааст. Агар тайёрӣ медид, дирӯз бозиро ба рақиби азалиаш “Нефтчи”-и Фарғона ба ҳисоби шармандагӣ 0:6 (дар меҳмонӣ) бой намедод. Ин мағлубшавӣ ба шарафи шаҳри бостонӣ рост намеояд. Аз штаби мураббиёни “Динамо” ба ин шарҳ доданашонро мепурсем. Даркор бошад, шабу рӯз аз пайи беҳтар кардани сифати бозии “Динамо” шаванд. Охир мураббӣ ва футболбозони ҷамоа маоши хуб мегиранд. Дигар мағлуб нашуда танҳо бурд карданашон даркор. Кор ба ҳамин зайл равад, “Динамо” ба Суперлига баромада наметавонад. Саволе пеш меояд. Оё “Динамо” бо ин хел бозиаш аз клубҳои “Олимпик”, “Бухоро” ва ғайраи Про лига хол гирифта метавонад
Ҷ.ПУРАСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ