Фарҳанг

Ҳамсояи ҳасуд

Марде барои худ хонаи калони зебо харид. Дар боғи ҳавлӣ дарахтони зиёди мевадор буданд.Дар ҳамсоягии ӯ марде зиндагӣ мекард, ки хасис ва ҳасадхӯр буд. Комёбии дигаронро дида наметавонист. Ҳамеша кӯшиш мекард, то ҳамсояашро нороҳат кунад, ӯро ғамгин созад. Бо ҳамин мақсад сатили партовро доим дар қафои дари ҳамсоя мегузошт, ё партовҳоро он ҷо мепартофт. Рӯзе мард хушҳол аз хоб бархосту ҳамин, ки ба кӯча баромад, дар пушти дар сатили пур аз партовро дид. Сатилро тоза ва онро аз меваҳои ширини боғ пур кард.Сатил дар даст дари ҳамсояро кӯфт. Вақте ки ҳамсоя садои дарро шунид, фикр кард, ки ҳамсояааш барои ҷанг омадааст.Вақте дарро кушод мард ба ӯ як сатили пур аз меваҳои тозаву пухтагиро доду гуфт:– Ҳар як инсон он чизеро, ки аз он бештар дорад, бо дигаре бо ҳам мебинад… Таҳияи ФАРАҲМАНД.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ