Нафақаи бачагон ба оилаҳои камбизоат

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии системаи дастгирии оилаҳои кӯдакдор, пурзӯрсозии таъминоти моддии хонаводаҳои ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, татбиқи стандартҳои байналхалқӣ ва механизмҳои баҳодиҳии шаффофи электронии автоматикӣ дар муайян кардани оилаҳои эҳтиёҷманд, инчунин, ба рушди салоҳияти бачагон ва ихтисори камбизоатӣ нигаронидани системаи пардохти нафақаҳо Фармони Президенти мамлакат аз 11‑уми августи соли ҷорӣ «Дар бораи чораҳои минбаъд васеъ намудани доираи ёрирасонии моддӣ ба оилаҳои камбизоат ва мубориза бо камбағалӣ» таҳти рақами ФП‑6277 имзо гардид. Мувофиқи фармон:
🔰 Аз 1‑уми сентябри соли 2021:
➖ ба ҷойи нафақа ба оилаҳое, ки бачагони синнашон то 14-соларо доранд, инчунин, нафақаи парвариши кӯдак то синни дусолагӣ, нафақаи бачагон ба оилаҳои камбизоат ҷорӣ мегардад.
🔰 Ҳангоми таъин кардани нафақаи бачагон:
👉 синну соли кӯдаконе, ки ба назар гирифта мешаванд, аз 14 то 18 сола зиёд карда мешаванд;
👉 мӯҳлати пардохт аз 6 то 12 моҳ дароз карда мешавад;
👉 миқдори он аз рӯи тартиби нав вобаста ба шумораи кӯдакон дар оила муқаррар карда мешавад;
➖ ба шаҳрвандони танҳо, оилаҳое, ки фарзанд надоранд ё ки синни ҳамаи фарзандонашон аз 18 боло аст, ёрии моддӣ таъин карда мешавад.
🔰 Аз 1‑уми сентябри соли 2021 миқдори нафақаи бачагон ва ёрии моддӣ ба оилаҳои камбизоат чунин муайян карда мешавад:
🔘 миқдори моҳонаи нафақаи бачагон:
🔸 250 000 сӯм – барои як фарзанди аз 3 то 18-сола, 325 000 сӯм – барои як кӯдаки то 3 сола;
🔸 150 000 сӯм –барои фарзанди дуввуми оила иловагӣ;
🔸 аз 100 000 сӯм – барои ҳар як фарзанди сеюм ва минбаъдаи оила;
🔘 ҳаҷми моҳонаи ёрии моддӣ барои оилаҳои камбизоат – 380 000 сӯм.
Ҳамзамон, ҳаҷми ҷории ин намуди имтиёзҳо ва кӯмаки моддӣ, ки то 1‑уми сентябри соли 2021 таъин шудаанд ва шартҳои пардохти онҳо нигоҳ дошта мешаванд.
🔄 Аз 1‑уми октябри соли 2021 маълумот дар бораи оилаҳо ва шахсони алоҳида, ки тавассути системаи иттилоотии «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» камбизоат эътироф гардидаанд, тавассути платформаи байниидораии интегратсионии «Ҳукумати электронӣ», ба вазорату идораҳои дахлдор тақдим карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ