БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ КАЙ БАРГУЗОР МЕШАВАД?

Бо анҷоми бомуваффақияти Бозиҳои олимпии Токио-2020, мухлисони варзиш ҳаяҷонеро, ки аз намоишҳои аҷиби варзиш дар Ҷопон ба вуҷуд омадааст, идома медиҳанд. То Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 камтар аз шаш моҳ мондааст ва шоҳиди мусобиқоти намудҳои зимистона хоҳем шуд.
Муваффақияти Бозиҳои Токио ба ҷаҳониён нишон дод, ки дар шароити пандемияи кунунӣ мизбони Бозиҳои олимпӣ будан мумкин аст. Дар сурати андешидани чораҳои дуруст ва ҳамкории ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, варзишгарони ҷаҳон метавонанд муттаҳид шаванд ва дар чорабинии амн ва бехатар иштирок кунанд.
«Мо аз Бозиҳо дар Токио бисёр чизҳоро омӯхтем ва уҳдадор мешавем, ки Бозиҳои бехатар ва амнро дар Пекин таъмин кунем, — гуфтааст Янг Ян, раиси Комиссияи варзишгарони Пекин-2022. — Мо омодаем беҳтарин варзишгарони ҷаҳонро дар Чин истиқбол кунем ва ҳаяҷони Бозиҳои олимпиро барои тамошобинони ҷаҳон дубора эҳё намоем».

Дар Пекин ҳамаи иншооти варзишӣ, ки ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ пешбинӣ шуда буданд, омодаанд ва аксарият аз ҷониби федератсияҳои дахлдори байналмилалӣ тасдиқ шудааст. Силсилаи 10 чорабинии санҷишӣ аз моҳи октябр то декабр гузаронида мешаванд.
Пекин-2022, инчунин баъзе мусобиқаҳои намудҳои зимистонаро (конкитоз, хоккей ва кёрлинг) дар иншооте, ки ҳангоми Бозиҳои олимпии Пекин-2008 истифода шуда буданд, баргузор хоҳад кард. Аз ҷумла Варзишгоҳи миллӣ, ки бо номи «Лонаи паранда» дар соли 2008 барои маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавӣ истифода шуда буд.
24-ум Бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад. Пекин дар таърихи ҳаракати олимпӣ аввалин шаҳе хоҳад шуд, ки ҳам Бозиҳои тобистона ва ҳам зимистонаи олимпиро мизбонӣ мекунад. Бар барномаи Бозиҳои Пекин-2022 7 намуди варзиш (15 равияи варзиш) ворид аст. Беш аз 4000 варзишгар аз қариб 100 давлати ҷаҳон барои 109 маҷмӯи медалҳо талош хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ