Рӯмолчаи коғазӣ, ки Месси истифода кардааст, як миллион доллар фурӯхта мешавад

Рӯмолчаи коғазӣ, ки Лионел Месси дар нишасти матбуотии хайрбодӣ дар Барселона истифода кардааст, як миллион доллар фурӯхта мешавад.
Ин эълон дар вебсайти Mercado Libre нашр шудааст.
Ҳамлавари аргентинӣ зимни эълони истеъфои худ аз Барселона ашк рехт. Барояш ҷудо шудан аз ҳамтоёнаш сахт буд.
Ҳафтаи гузашта клуби испании «Барселона» эълон кард, ки бо Месси шартномаи нав имзо намекунад.
Тибқи иттилои расонаҳо, созишномаи «ПСЖ» бо барандаи шашкаратаи «Тӯби тиллоӣ» барои ду сол бо имкони тамдид то моҳи июни соли 2024 шартнома бастааст.
Маоши бозигар дар як мавсим 35 миллион евро хоҳад буд.
Футболбоз аввалин бозии худро дар ҳайати асосии «Барселона» соли 2004 анҷом дода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ