Ҳисобкунакҳои газ бепуланд?!


Ҳоло дар кишварамон ҷараёни иваз кардани ҳисобкунакҳои кӯҳнаи газ бо нави “боақл” идома дорад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Тайлоқ низ ин ҷараён сурат гирифтааст.
Дар саҳифаи махсуси сайти расмии ширкати давлатии Ҳудудгазтаъминот» – hududgaz.uz гуфта мешавад, ки насби ҳисобкунакҳои “боақл” бепул аст. Дар ин саҳифа яЯгон ҷумлае дар бораи пардохти иловагӣ барои аҳолӣ дар ин ҷараён нависта нашудааст.
Аммо касоне ҳастанд, ки ибораи “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”-ро шиори зиндагии худ медонанд ва иваз кардани ҳисобкунакҳои газро воситаи пуркунии ҷайби худ кардаанд.
Ман дар маҳаллаи Боғичинори ноҳияи Тайлоқ зиндагӣ мекунам. Тӯли чанд рӯзи гузашта ҳисобкунакҳои хонадонҳои кӯчаи мо низ нав шуд. Устои кафшергар, ки барои насби ҳисобкунакҳои “боақл” бо корхонаи таъминоти газ шартнома бастааст, рӯзи 9-уми август ба хонаи мо омад.
Дар сӯҳбат бо усто, ки номи худро Бахтиёр гуфт, дар бораи ҷараёни кори ӯ гап задем. Ӯ фаҳмонд, ки аз корхона барои ҳар як ҳисобкунаки насбкардааш 70 ҳазор сӯм мегирад ва соҳиби ҳар хонадон низ бояд 30 ҳазорсӯмӣ “устопулӣ” ба ӯ диҳанд. Усто илова кард, ки баъди як рӯз Шаҳбоз ном корманди корхонаи таъминоти газ ба хонаи мо меояд ва ҳисобкунаки навро ба ивази 70 ҳазор сӯм ба рӯйхати давлат медарорад. Ман бепул будани ин ҷараёнро шунида будам ва аз ҳамсояҳо пурсидам, ки барои ҳисобкунаки нав чанд пул харҷ карданд. Ҳамсояҳо низ таъкид карданд, ки ҳар яке ба усто 30 ҳазор сӯм ва барои ба рӯйхати давлат даровардани ҳисобкунак ба корманди корхона 70 ҳазор сӯм додаанд.
Ба гуфтаи яке аз ҳамсояҳо – Сайфиддин ака, ӯ барои пайванди лӯлаҳои (труба) газ ба усто электрод низ харида додааст.
Мутаассифона, чунин ҳолати ғорати мардум танҳо дар ноҳияи Тайлоқ содир намешавад. Як ҳамкори ман, ки сокини маҳаллаи Галаосиёи шаҳр аст, гуфт, ки дар гузари ӯ низ барои насби ҳисобкунакҳо аз сокинони маҳалла аз 50 то 100 ҳазор сӯм пул гирифтаанд.
Маълум мешавад, ки кормандони масъули таъминоти газ ва кафшергарон аз содагиву зудбоварии аҳолӣ истифода мебаранд. Барои анҷоми коре, ки давлат харҷи онро пардохтааст, ҷайби аҳолиро низ холӣ мекунанд. Ҳоло бубинем, чӣ тавр?
Усто Бахтиёр ака ба ман гуфт, ки дар ноҳияи Тайлоқ ҳамагӣ 5 нафар кафшергар бо насби ҳисобкунаки “боақл” машғуланд ва бояд дар умум 8 ҳазор дона чунин дастгоҳро насб кунанд. Агар аз ҳар хонадон барои корашон 30 ҳазорсӯмӣ пул гиранд, ҳар яке аз онҳо 48 миллион сӯм, дар умум 240 миллион сӯм “пули бедардимиён” меёбанд. Агар корманди махсуси корхона барои ба рӯйхати давлатӣ сабт кардани ҳисобкунак аз ҳар хонадон 70 ҳазор сӯмӣ гирад, дар умум аз 8 ҳазор дона дастгоҳ 560 миллион сӯм пули ғайриқонунӣ ба даст меорад.
Бовар дорем, ки масъулони соҳа ин ҳолатро саривақтӣ баррасӣ мекунанд ва минбаъд ба чунин ғорати халқ роҳ дода намешавад.
Умед Фарҳодзода

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ