Интихоботи озод ва боадолат – шарти муҳими демократия

Дар ҳоли амал намудан ба тамоюли даврӣ баргузоршавии интихоботи озод ва боадолат, кушод ва ошкоро, ин ифодаи барҷастаи он мебошад, ки дар мамлакат роҳи тараққиёти демократӣ интихоб карда шудааст.
Принсипи даврӣ ва ҳатмӣ будани интихобот дар қонунгузории Ӯзбекистон низ акси худро ёфтааст. Масалан, дар асоси моддаи 90‑уми Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Президенти мамлакат аз ҷониби шаҳрвандон дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ, баробар ва ошкоро бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ба муддати панҷ сол интихоб карда мешавад. Дар моддаи 5‑уми қонунҳои конс­титутсионӣ дар бораи Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис муддати ваколати Палатаи қонунгузорӣ ва Сенат – панҷ сол нишон дода шудааст. Мувофиқи ин, дар ҳар панҷ сол гузаронидани интихоботи Президент, интихобот ба органҳои вакилии ҳокимияти давлатӣ шарт аст. Тибқи одат аниқ нишон додан ва даврӣ будани муддати чунин ваколат ба амалиёти ҷаҳонӣ мувофиқ меояд.
Дар ҳоли амал кардан ба ҳамин тамоюли демократӣ, аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот дар 23‑юми июли соли 2021 қарор «Дар бораи муайян кардани рӯзи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва эълон кардани оғози кампанияи интихобот» қабул гардид. Дар асоси қарор баргузории интихоботи Президент рӯзи 24‑уми октябр муайян карда шуд ва аз 23‑юми июн оғоз ёфтани кампанияи интихобот эълон гардид.
Ҳуқуқи интихоботи озод ба интихобкунандагон ва иштирокчиёни дигари ҷараёни интихобот имкон медиҳад, ки оиди иштирок кардан ё иштирок накардан дар интихобот бидуни ҳеҷ гуна таъсир, зӯроварӣ, озодона ифода намудани хоҳишу иродаи худ дар ҷараёни овоздиҳӣ ва бидуни ҳеҷ гуна назорат қарор намоянд. Чунин принсип дар моддаи 7‑уми Кодекси интихобот мустаҳкам карда шудааст.
Ҳуқуқи интихоботи озод ба иштироккунандагон, аъзоёни комиссияи интихобот ва қатъи назар аз чигунагии натиҷаҳои овоздиҳӣ, имкон медиҳад, ки аз ҷазо гирифтан ё таъсиррасонӣ натарсида, дар шаклҳои роҳдодаи қонун ва усулҳои қонунӣ қарор қабул намоянд. Дар асоси Кодекси интихобот комиссияи интихобот ва аъзои онҳо фаъолияти худро мустақилона аз ҳар гуна органҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамоатӣ ва шахсони мансабдор амалӣ менамоянд. Ба дахолат кардан ба фаъолияти комиссияҳои интихобот роҳ дода намешавад ва чунин дахолат мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ сабаб мегардад.
Барои татбиқ намудани принсипи боадолат дар қонунгузорӣ интихоботии мамлакатамон тамоми асосҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Чунин ҷараёни принсипи интихобот барои тамоми иштирокдорон шароитҳои ҳуқуқии баробарро таъмин мекунад. Тибқи ҳамин принсип, ҳар шаҳрванд дар интихобот дар асоси баробарӣ иштирок кунад ва ҳар як шаҳрванд дорои як овоз буда, ҳақ дорад, ки дар асоси баробарӣ бо шаҳрвандони дигар ҳуқуқи овоздиҳии худро амалӣ намояд.
Дар моддаи 21‑уми «Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқҳои инсон» чунин гуфта шудааст: «Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки бевосита ё тавассути вакилони озодона интихобшуда дар идоракунии кишвар иштирок намояд. Ҳар як инсон дар мамлакати худ барои дохил шудан ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар дорад».
Дар Конститутсияи Ӯзбекистон бевосита ё тавассути вакилони худ дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ ҳуқуқ доштани шаҳрвандони мамлакатамон нишон дода шудааст. Чунин иштирок бо роҳи худидоракунӣ, гузаронидани референдум ва ташкил намудани органҳои давлатӣ бо тарзи демократӣ, инчунин ривоҷ ва такмил додан, назорати фаъолияти органҳои давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар моддаи 7‑уми Кодекси интихоботи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон таъмини озодона ва пинҳонӣ овоз додан дар интихобот, роҳ надодан ба назорати хоҳишу иродаи интихобкунандагон, ба вуҷуд овардани шароитҳои дахлдор барои истисно намудани имконияти назорат қатъӣ муайян карда шудааст.
Дар ривоҷи давлатдории демократӣ муносибатҳои байни халқ ва ҷамъият бо иродаву хоҳиши як шахс ё ки як гурӯҳ не, балки дар асоси қонун мураттаб гардидани он аҳамияти муҳим дорад. Аз ин сабаб, эътироф гардидааст, ки устувории қонун аз нишонаҳои асосии давлати демократии ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Зеро устувории қонун барои дар мамлакат таъмин намудани адолат хизмат мекунад. Принсипи устувории қонун дар Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон низ мустаҳкам карда шудааст.
Хулоса мамлакатамон ба туфайли ташаббусҳои рӯзмарраи худ, ба воситаи ислоҳоти инсонпарваронаи боадолат, сиёсати кушод ва ошкоро, таъмин намудани сулҳ ва тараққиёт дар тамоми дунё мавқеи худро дар ҳамҷамъияти байналхалқӣ торафт мустаҳкам менамояд. Дар мамлакатамон мувофиқи стандартҳои байналхалқии интихобот ба интихоботи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон старт дода шуд.
Дар ҷарёни мазкур фаъол иштирок намудан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.

Худоёр МАМАТОВ,
котиби Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ