Зи овози маҳинаш мардумон шод…

Садои дилошӯб, навои форами мусиқӣ ва шеъри воломазмун бо ҳам ҷӯр биёянд, суруд дилкаш мешавад ва ба дили мардум роҳ ёфта, марғубу машҳур мегардад. Дар Самарқанди қандманд, ки яке аз марказҳои санъату ҳунар, илму фарҳанг ба шумор меравад, чунин ҳунарпешагони бомаҳорат, ки ба шеърҳои пурмазмун оҳанг баста, онҳоро бо овози гӯшнавози хеш месароянд, ба қавле шеъри шоиронро ҷон ва умри дубора мебахшанд, бисёранд. Яке аз чунин сарояндагони соҳибҳунар ва боистеъдод, тарғибгари санъату фарҳанг, ҳунарпешаи хушадо ва хушсадо Талъат Шоҳбаротов мебошад.
Талъат Шоҳбаротов дар шоҳроҳи санъат аз одамони тасодуфӣ нест, ки нобаҳангом вориди ин пайроҳаи муборак гардида бошад. Вай аз аёми кӯдакӣ ҳамроҳи бародараш якҷоя суруд мехонд, доира мезад, асрори навохтани асбобҳои мусиқиро меомӯхт. Ин беҳуда набуд. Модари меҳрубони хонадон санъатро дӯст медошт ва ҳамеша фарзандонро дар рӯҳияи фарҳангпарварию санъатдӯстӣ тарбия мекард. Пеши фарзандон аз таронаҳои халқӣ замзама менамуд. Талъати хурдсол дар чунин маврид модарро ҳамовоз мегардид. Якҷоя суруд мехонданд.
Бо гузашти айём Талъат маҳорати сарояндагии худро такмил дода, акнун на танҳо дар чорабиниҳои мактаб, балки дар тадбиру ҷашнвораҳои ноҳияву вилоят низ фаъол иштирок мекард. Азму ҷазми ӯ қатъӣ буд. Пайваста мероси пурбаҳо ва пурҷозибаи ҳофизони машҳурро бо ҷаҳд омӯхта, онҳоро обу ранги тоза мебахшид ва дубора пешкаши мухлисон менамуд.
Нахустин «ифтихорнома»-ро ҳангоми таҳсил дар синфи чорум гирифт ва аз байн чанд харбузапазӣ гузашта, дар зинаи ҷумҳуриявии озмуни «Истеъдодҳои нав» ғолиб шуд.
Талъат Шоҳбаротов пас аз хатми мактаб таҳсилро дар факултаи мусиқии Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ идома дода, асрори соҳаи мусиқиро мукаммалтар омӯхт. Таҷриба ва дониши худро афзун сохт.
Суруди нахустини Талъат Шоҳбаротов, ки дар васфи модар буд, аз тарафи аҳли санъат хуш пазируфта шуд. Писанди мухлисон гардид. Ҳаводорони худро ёфт.
Волидон низ аз комёбии фарзанд меболиданд ва дар ин шоҳроҳ ӯро дастгирӣ мекарданд. Модари меҳрубон ҳамеша даст ба дуо бардошта, орзу мекард, ки овози дилбандаш овозаи дунё гардад. Дуои модар иҷобат шуд. акнун Талъат на танҳо дар Самарқанд ва кишвари маҳбуби худ, балки дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса, Амрико, Итолиё, Ҳиндустон, Исроил ва дигар давлатҳо низ баромадҳо мекард. Дар баробари таронаҳои мардумӣ, шеъру сурудҳои тозаэҷоди хешро пешкаши ҳаводорон менамуд ва хурсандиовар буд, ки ӯро дар ҳама ҷо бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол менамуданд.
Санъаткори хушовозу бомаҳорати Самарқанд, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Мардон Мавлонов ҳамеша ӯро дастгиру роҳнамо буд. Барои ташаккули маҳорати сарояндагии Талъат маслиҳатҳои хешро дареғ намедошт.
Ҳамкории ӯ бо устодаш Мардони Мавлон басо ибратбахш аст. Устоду шогирд барномаи «Таронаҳои Самарқанд»-ро таҳия ва дар саҳнаҳои баланди бисёр шаҳру деҳоти тоҷикнишини Осиёи Миёна намоиш дода, сазовори ситоишу эҳтиром шудаанд.
– Талъатҷон дар сурудани таронаҳои халқӣ маҳорати хуб дорад, – гуфт Мардони Мавлон. – Овози вай рамзи овози хушнавои халқи мост. Ватан, модар, дӯстии халқҳо, ободии кишвар, дӯстиву рафоқат, муҳаббати пок, фазилатҳои неки инсонӣ мундариҷаи асосии сурудҳои ӯро ташкил медиҳанд. Хидматҳои Талъатҷон дар соҳаи санъат ба ҳама гуна эътироф ва эҳтиром меарзад. Чанде пеш ҳангоми сӯҳбат бо вазири фарҳанги ҷумҳурият Озодбек Назарбеков дар мавриди дастгирии чанд тан сарояндагони соҳибҳунар пешниҳодамро гуфтам. Мо бояд чунин ҳунарпешагонро, ки баҳри умри абад ёфтани таронаҳои мардумӣ ва шеъри шоирон заҳмат мекашанд, дастгирӣ кунем.
Имрӯз Талъат Шоҳбаротов миёни санъаткорони муосири самарқандӣ яке аз ҳофизони маҳбуб, овозадор ва шӯҳратёр ба шумор меравад, ки аллакай чанд нафар шогирдонро асрори ҳунар омӯхтааст. Шерзод Узоқов, Ортиқ Нуриев ва чанд ҳунарманди дигар аз шогирдони муваф­фақи Талъат Шоҳбаротов ба шумор мераванд, ки имрӯз сабку услуби хосаи худро соҳиб ва номашон вирди забони мардум гардидаанд. Воқеан, писари Талъат Шоҳбаротов – Санъатҷон низ овози хеле фораму ширадор дорад. Чун пайрави муносиби падар соҳаи санъатро интихоб намудааст ва аллакай чанд суруди эҷодкардаи ӯ низ маҳбубият пайдо кардаанд. Санъатҷон ҳангоми таҳияи сурудҳои тоза пеш аз ҳама аз падар маслиҳат мегирад.
Метавон гуфт, ки Талъат Шоҳбаротов санъаткори соҳибмактаб аст. Тавассути овози ширадору форами ӯ ва чанд шогирдонаш шеърҳо рӯҳи тоз мегиранд ва ба торҳои нозуки дили мухлисон нохун зада, онҳоро лаззату фароғати хуш мебахшанд.
Бояд гуфт, ки ҳеҷ ганҷ бе ранҷ ба даст намеояд. Талъат Шоҳбаротов низ дар ин шоҳроҳи бузург шебу фарози зиёдро паси сар кард. Талхиву шириниҳоро чашид. Аммо аз роҳи худ барнагашт. Бо азми қавӣ баҳри такмили маҳорати хеш кӯшид ва борҳо бо ифтихорномаву дипломҳо сарфароз гардид. Байни аҳли санъат соҳиби эҳтирому эъзоз шуд.
Воқеан, мо ба санъаткор қариб ҳамгузар ҳастем ва дар бораи ӯ бори нахуст қариб сӣ сол муқаддам лавҳае иншо карда будам. Дар арафаи иди аз ҳама бузург ва муқаддас – 30 – солагии истиқлолияти кишвар боз сӯҳбат насиб кард.
– Ба тӯй бо тӯёна рафтан анъанаи нек аст, – бо табассуми малеҳ иброз дошт ӯ. – Ният дорем, ки дар тантанаҳои идонаи Иди истиқлол суруди нави худро ба ҳаводорон пешкаш созем. Ҳамроҳи устодам Мардон Мавлонов ба як таронаи халқӣ оҳанг бастем. Бояд гуфт, ки мардуми мо заршинос ҳастанд ва талабашон ба шеъру суруди бомазмун низ афзудааст. Умед дорем, ки ин суруди мо писанд меояд ва онҳо баҳои холисона медиҳанд.
Талъат Шоҳбаротов ҳунарпешаи касбӣ аст. Дар соҳаи санъат ном ёфтан, соҳибэҳтиром гардидан на ҳама сарояндаро муяссар мегардад. Аммо Талъат аз ӯҳдаи ин баромад. Имрӯз ҳаводорони овози ӯ, дилбастагони ҳунараш хеле зиёданд, ки ҳамеша интизори шунидани суруди тозаэҷоди сароянда мебошанд ва бо шунидани овози маҳинаш шоду масрур мегарданд:
Сарояндаи зебои Худодод,
Зи овози маҳинат мардумон шод.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ