Ба конференсияи шаҳрӣ аз ташкилотҳои ҳизб делегатҳо интихоб гардиданд

Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъомади умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизби Ҳаракати тадбиркорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон доир ба интихоби делегатҳо ба конференсияҳои ташкилотҳои ҳудудии ҳизб гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки дар таркиби ташкилоти ҳизбии Шӯрои шаҳрии Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон 146 ташкилоти ибтидоии ҳизб амал мекунанд ва онҳо дар худ 12393 нафар аъзоро ҷамъ овардаанд.
Дирӯз дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар Бонки марказии вилояти Самарқанд, Маркази захираҳои ахборӣ, поликлиникаи оилавии рақами 4-и шаҳри Самарқанд ва диспансери наркологии вилоят ҷамъомадҳои умумӣ гузаронида шуд.
Дар чорабиниҳо роҳбари Маркази таълими сиёсии Шӯрои вилоятии Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон Ҷамила Сайфиддинова иштирок карда, дар бораи ислоҳотҳои муҳиме, ки тӯли панҷ соли охир дар вилояти Самарқанд амалӣ гардиданд, маълумот дод. Инчунин, дар бораи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ки санаи 24-уми октябри соли ҷорӣ гузаронида мешавад, иштироки ҳизб дар раванди интихобот ҳарф зад.
Дар идомаи ҷамъомад иҷрои вазифаҳои устувор бобати таъмини иштироки фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар интихоботи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, масъалаи интихоби делегатҳо ба конференсияи шаҳрӣ муҳокима карда шуд.
Дар анҷом аз ташкилотҳои ҳизб ба конференсияи шаҳрӣ делегатҳо интихоб гардиданд.
Ҳасан Хӯҷақулов, ҷонишини якуми раиси Шӯрои шаҳрии Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон, роҳбари дастгоҳ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ